Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими сарфарозгардонии дараҷаи доктори фахрӣ дар Академияи дипломатии Озарбойҷон

11.08.2018 15:38, Озарбойҷон

Муҳтарам профессорон, устодон ва донишҷӯён,
Дӯстони гиромӣ!

Пеш аз ҳама, иҷозат фармоед ба Шӯрои илмии Академияи дипломатии Озарбойҷон барои маро ба унвони фахрии докторӣ сарфароз гардонидан изҳори миннатдорӣ намоям.

Академияи дипломатии Озарбойҷон принсипҳои асосии академияи классикӣ ва талошҳои инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти олии насли навро дар худ муваффақона таҷассум мекунад.  

Дар ин, ман шабоҳати мустақимро бо худи Озарбойҷон – сарзамини пурфайзи қадимӣ, ки дар худ намунаи навоварӣ ва некӯаҳволиро таҷассум мекунад, мебинам.

  Яке аз вазифаҳои асосии Академияи шумо омода намудани мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масоили муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки рисолати асосии дипломатҳо дар баробари нигоҳдорӣ ва рушди ҳамкории созанда миёни субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба ба таъмини сулҳ, субот ва амният мебошад.

   Дар робита ба ин, бо истифода аз фурсат, мехоҳам дар бораи таҷрибаи беназири сулҳофарии Тоҷикистон фикрҳоямро ба шумо баён дорам.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуд.

Низоми ягонаи маҷмӯӣ оид ба таъмини фаъолияти мӯътадили иқтисодиёти миллии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам дода шуд.

Иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳолати ногувор дучор шуд, барҳам хӯрдани робитаҳои хоҷагӣ ба таназзули яку якбораи истеҳсолот оварда расонид, коҳишёбии ММД 70 дарсадро ташкил дод.

 Ба ҳамаи ин муборизаи шадиди неруҳои сиёсии самтҳои гуногун зам гардид.

   Бо истифода аз вазъияте, ки он замон дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омада буд, кишварҳои алоҳида таъҷилан ба татбиқи нақшаҳои густурдаи худ оғоз карданд.

Бо дастони қувваҳои радикалии сиёсӣ онҳо бо мақсади таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон ба паҳн намудани фарҳанги ба мардум  бегона ва идеологияи динӣ дар ҷомеа шурӯъ карданд.

Дар натиҷа кишвари мо ба арсаи муборизаи шадиди неруҳое, ки ҷонибдори сохти давлати дунявӣ буданд ва гурӯҳе, ки дар матбуот «иттиҳоди демоисломиҳо» ном дошт, табдил ёфт.

Ин гурӯҳ як кӯҳи яхини исломии қудратмандеро мемонд, ки рӯи худро бо пӯшиши  ночизе таҳти унвони «демократӣ»  намоиш медод.

Он усулҳои экстремистии радикалии мубориза - зӯроварӣ, куштор, асиргирӣ, тарсонидан ва таҳдидро васеъ истифода мекард.

Дар амалҳои худ демоисломиҳо ба ҳадде расида буданд, ки тамоми аҳолии ғайримусулмони кишварро асири худ эълон мекарданд.

Ба демоисломиҳо ҳатто муяссар гардид, ки қисми ҳокимиятро муддате ба даст оранд.

Баъди шикаст хӯрдан дар интихоботи озоди президентӣ онҳо бо роҳи фишор овардан ба Президенти аз миёни нӯҳ номзад қонунан интихобгардида ба таъсиси «ҳукумати ризоияти миллӣ» ноил гардиданд.

Низоъҳои мусаллаҳонаи маҳаллӣ байни исломиҳо аз як тараф, аз тарафи дигар тарафдорони сохти дунявӣ, ки беш аз навад дарсади аҳолии кишвар онҳоро ҷонибдорӣ менамуд, ба зудӣ ба амалиёти ҷангии миқёсан калон табдил ёфтанд.

Сарфи назар аз он, ки тарафдорони барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар ин мубориза дастболо гардиданд, неруҳои радикалии динӣ ба шикаст тан намедоданд.

Онҳо ба Афғонистони ҳамсоя кӯчида, бо кумаки бевоситаи молиявӣ ва низомии хоҷагони хориҷии худ аз рӯи нақшаи мувофиқашуда ба мубориза бар зидди ҳокимияти мардумӣ пардохтанд.

Ба ибораи дигар, омили таъсири беруна дар ташаннуҷи муборизаи дохилии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда  бозид.

Миллати дорои таърихи ҳазорсола ва анъанаҳои фарҳанги қадим ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд, бародар ба сӯи бародар силоҳ бардошт.

Низои мусаллаҳона барои мо фоҷеаи бузургтарин гардид.

Он замон мо ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷеаборе, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон сурат мегиранд, рӯ ба рӯ гашта будем.

Дар кишвар беназмиву бесарусомонӣ буд, сарнавишти мардум ва кишвар дар рӯи қил қарор дошт, равандҳои харобиовар дар иқтисодиёт ба буҳрони озуқаворӣ боис гардиданд, баъзе минтақаҳои алоҳидаро гуруснагӣ фаро гирифт, бемориҳои сироятшаванда сар заданд.

Ба хотири раҳоӣ ёфтан аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ беш аз як миллион нафар сокинони осоишта зодгоҳашонро тарк карда, гуреза шуданд.

Муборизаи мусаллаҳонаи панҷсола ҷони яксаду панҷоҳ ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла ҳазорҳо нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз байн бурд, даҳҳо нафар аъзои Ҳукумат ва Парлумон ҳалок гардиданд, беш аз панҷоҳ ҳазор нафар ятим монданд.

Зиёда аз сӣ ҳазор хонаҳои истиқоматӣ хароб ва сӯзонида шуда, даҳҳо корхонаву фабрикаҳо ба харобаҳо табдил ёфтанд.

Хисороти умумии расонида беш аз даҳ миллиард доллари америкоиро ташкил дод.

Барҳам хӯрдани ҳокимияти мутаммарказ, фалаҷ гардидани тамоми механизми давлатӣ, пайдо шудани шумораи зиёди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ давлатро ба ҳолати нест шудан аз харитаи сиёсии ҷаҳон оварда расонданд.

Чунин равиши ҳодиса бархе аз доираҳои хориҷиро, ки нақшаи ба қисматҳо тақсим намудани Тоҷикистони соҳибистиқлолро доштанд, қаноат мекунонд.

Дар ин шароит, Иҷлосияи шонздаҳуми (XVI) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, барои ваҳдати миллӣ замина гузошт ва ба сӯи ҳаёти осоишта роҳ кушод, саривақтӣ ва тақдирсоз гардид.

Зимни иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфт, мо махсусиятҳои (атрибутҳои) давлатдории миллиро тасдиқ намудем.

Он замон роҳи демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявии бунёди давлатдории тоҷикон қатъиян ва бебозгашт интихоб гардид.

Мо ин роҳи рушдро баъдан дар Конститутсияи нав, ки ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ соли наваду чаҳорум (1994) қабул шуд, замима намудем.

Дар он замон мо дарк мекардем, ки барҳам додани сабабҳои асосии низоъ, ки аз ҷумла ба манфиатҳои геосиёсии баъзе неруҳои беруна алоқаманд буданд, шарти аввалини барқарорсозии сулҳ ва ризоият дар ҷомеа мебошад.

Бори аввал аз минбар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат сухан ронда, ба халқи худ ваъда додам, ки тамоми неруву имкониятамро барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас равона месозам.

Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали фаъолиятам ҳамчун Сарвари давлат масоили оташбаси ҳарчи зудтар, баргардонидани ҳамаи гурезагон ба Ватан ва оғози раванди музокирот бароям вазифаҳои муҳимтарин гардиданд.

Дар ин замина, ҳамаи талошҳои минбаъдаамон ба фароҳам овардани шароит барои оштии миллӣ, барқарорсозӣ, таҷдиду таъмин ва дар ниҳоят барои рушди кишвар нигаронида шуда буданд.

Ҳукумат бо назардошти принсипи масъулияти миллӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа афзалиятҳо ва стратегияи сулҳофариро муайян намуд.

Кори аввалиндараҷа баргардонидани гурезагон ба Ватан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоишта буд.

Ҳамзамон кори озмудашудаи омодагӣ ба раванди музокирот ҷиддӣ гузаронида шуд.

Ҳамин тавр, дар ибтидои солҳои наваду чаҳорум (1994) нахустин робитаҳои сиёсӣ бо иттиҳоди мухолифин ба роҳ монда шуданд.

Дар натиҷаи машваратҳо, музокирот ва вохӯриҳои дуру дароз ба мо муяссар гардид, ки муносибатҳои барои тарафҳо қобили қабулро ба ҷанбаҳои асосии созишномаи сулҳ мувофиқа намоем.

Дар робита ба ин, мехоҳам музокироти ниҳоии моҳи декабри соли 1996 дар Хусдеҳи Афғонистон баргузоргардидаро, ки дар он нуқтаҳои асосии раванди сулҳ дар кишвар қатъиян муайян гардида буданд, алоҳида зикр намоям.

Дар маҷмӯъ, 9 даври мукаммали музокирот ва се машварати муваққатӣ сурат гирифт.

Ман шахсан 6 маротиба бо роҳбарияти иттиҳоди мухолифин мулоқот намудам. Зимнан ду вохӯрӣ дар Афғонистон, ки он замон фарогири ҷанги миқёсан калон буд, сурат гирифт.

Мо он рӯзҳо дар бораи амният ва ҳаёти шахсиамон фикр намекардем. Тақдири кишвар ва ҳифзи ваҳдати миллӣ зери хатар қарор дошт.

Мулоқоти ниҳоӣ 27 июни соли 1997 дар Москва баргузор шуд, ки дар он миёни Ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-и заминавӣ ба имзо расид.

Ба имзо расонидан ва татбиқи санади мазкур ба мо имкон дод, ки ба ҳадафи асосӣ – оташбаси ҷанги  таҳмилӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, таъмини ваҳдати миллӣ ва оғози барқарорсозии баъдиҷангӣ ноил гардем.

Ин ҷо мехоҳам таъкид намоям, ки неруи асосии ҳаракаткунандаи раванди сулҳ халқи Тоҷикистон буд, ки кӯшишҳои ҳукумати худро дар ин самт қатъиян ҷонибдорӣ менамуд.

Дар баробари ин, беназирии таҷрибаи Тоҷикистон аз ҳамроҳшавии васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва институтҳои он дар раванди сулҳофарӣ иборат буд.

Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Қувваҳои сулҳофари дастаҷамъонаи он, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин кишварҳои кафил дар пешбурди музокироти тоҷикон ва бастани созишномаи сулҳ фаъолона мусоидат карданд.

Дар ин раванд Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи амалиёти сулҳҷӯёна ва барномаи сулҳофаронаи худ дар давраи баъдиҷангӣ нақши махсус бозид.

Дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Намояндаи махсуси Дабири кулл маъмурияти СММ ташкил ёфта,  дар назди он Гурӯҳи тамос иборат аз намояндагони давлатҳои кафолатдор созмон дода шуд.

Зери сарпарастии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон раванди баргардонидани гурезаҳо ба ҷойҳои истиқоматии доимӣ дар муддати кӯтоҳ таъмин ва амалӣ карда шуд.

САҲА, дар навбати худ риояи ҳуқуқи гурезагони баргаштаистодаро назорат мекард.

  Таҷрибаи ҳамгирои мутақобилаи маҷмӯӣ ва бисёрҷонибаи зимни татбиқи функсияҳои сулҳофарӣ гирифташуда барои таҳқиқи хусусиятҳои ин раванд дар заминаи васеътар шароити иловагӣ фароҳам овард.

Хулосаҳо аён буданд: таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон метавонад барои ҳалли низоъҳо дар дигар минтақаҳои курраи замин намуна гардад. Зеро дар ҷаҳон ҳолате мавҷуд набуд, ки низои чунин миқёс дар як муддати кӯтоҳ муваффақона бартараф карда шавад.

Созишномаи истиқрори сулҳ ҳамчунин барои мухолифин сӣ дарсад квота дар ҳукумат, ҳамгироии гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо артиши миллӣ ва мақомоти қудратиро пешбинӣ мекард.

Дар ин росто, яке аз иштирокдорони иттиҳоди мухолифини тоҷик - Ҳизби наҳзати исломӣ - сарфи назар аз он, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, махсусан бо усулҳои террористии бурдани ҷанг фарқ мекард, пурра ба сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар ҳамроҳ карда шуд.

Он дар Парлумон намояндагони худро дошт ва фаъолияти қонунӣ мебурд.

Вале воқеаҳои минбаъда нишон доданд, ки он аз ғояҳои ибтидоии худ - дар ҷомеа паҳн намудани тафаккури радикалии динӣ ва идеологияи ба мардум бегона, даст накашидааст.

Сохтори мазкур бо кумаки ҳамон хоҷагони хориҷӣ кӯшиш менамуд, ки ба ҳадафҳои худ бо роҳҳои ҷиноӣ ноил гардад.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ки соли 2015 аз ҷониби яке аз муовинони Вазири мудофиаи кишвар, ки дар вақташ ба ин вазифа ҳамчун намояндаи ин ҳизб таъйин шуда буд, роҳандозӣ гардид, бори дигар симои воқеии худро нишон дод.

Вале умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ андешидашуда пеши роҳи ин ҳодиса гирифта шуд. Ва фаъолияти ташкилоти террористӣ-экстремистӣ бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ бо қарори суд манъ гардид.

Мо сулҳро бо арзиши бисёр гарон дарёфтем, ки тақдири онро ба чунин қувваҳои харобиовар бовар кунем.

 

Дӯстони гиромӣ!

Ба ҳама маълум аст, ки таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чолишҳо ва таҳдидҳои глобалии амниятӣ чун терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ рӯ ба рӯ аст.

Мо шоҳиди он гардида истодаем, ки чӣ гуна гурӯҳҳои гуногуни байналмилалии террористӣ ва радикалӣ фаъолияти зӯровариро тақвият дода, аллакай дар низоми мавҷудаи тартиботи ҷаҳонӣ қоидаҳои худро роҳандозӣ карданӣ мешаванд.

Чолишҳо ва таҳдидҳои глобалӣ минтақаи моро низ, ки дар он суботу амният аксаран аз вазъи Афғонистон вобаста аст, аз мадди назар дур намондаанд.

Мутаассифона, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарор кардани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсоя ҳанӯз натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. Равиши вазъ дар Афғонистон ихтилофнок боқӣ мемонад ва тамоюл ба бадшавии минбаъда дорад.

 Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан як ҳазору чорсад километрро бо релефи душвортарини кӯҳӣ ташкил медиҳад.

Ин шаст дарсади сарҳади собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон мебошад.

Қисмати ноороми сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ҳамеша зери санҷиши гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва қочоқбарони гуногун, аз ҷумла маводи мухаддир ва силоҳ қарор мегирад.

Дар назди сарҳад гурӯҳҳои гуногуни муталлиқ ба ҳаракати «Толибон», ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ, ки дар сафи онҳо шаҳрвандони ИДМ низ меҷанганд, такрор ба такрор пайдо мешаванд.

Дар ин замина, эҳтимолияти ба ватан баргаштани шаҳрвандони мо, ки ба фаъолияти ҷиноии гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз ҷумла дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҷалб шудаанд, баланд боқӣ мемонад.

Ҳамаи ин иқтидори динӣ-экстремистиро тақвияти назаррас бахшида, таҳдиди ҷиддии ноором сохтани вазъи дохилии давлатҳоямонро ба миён меорад.

Дар ин шароит, таъмини амнияти миллӣ ва суботи минтақавӣ бояд талаби қотеонаи мо бошад.

Тоҷикистон дар хати пеши мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ қарор дошта, ҳамеша ҷонибдори андешидани тадбирҳои муштараки маҷмӯӣ оид ба пешгирии паҳншавии ин зуҳуроти хатарноки замонамон дар ҷаҳон мебошад.

Мо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, радикализми динӣ, киберҷиноят ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ иттифоқчии табиии ҳамаи давлатҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошем.

Барои дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан мо бояд ҳамкории зич ва ҳамоҳангии самараноки хадамоти амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба роҳ монем.

Ҳозирини гиромӣ!

Натиҷаҳои раванди сулҳ ба мо имкон доданд, ки на танҳо марҳилаи барқароршавии баъдиҷангиро муваффақона анҷом диҳем, балки батадриҷ иқтисодиёти кишварро ба маҷрои рушди устувор дарорем.

Дар давоми понздаҳ соли охир суръати миёнаи солонаи афзоиши ММД дар Тоҷикистон дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Имрӯз дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ иншооти бузурги гидроэнергетикӣ бунёд шуданд ва шуда истоданд.

Мо дар татбиқи ҳадафи дигари стратегиамон – аз бунбасти нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ баровардани кишвар ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гаштем.

Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ сохта шудаанд, мо ҳамаи минтақаҳои кишварро бо чунин роҳҳо пайваст намудаем, дар самти шарқ ва ҷануб долонҳои нақлиётии фаросарҳадӣ кушода шудаанд, ки Тоҷикистонро ба кишвари  транзитӣ табдил додаанд.

Айни замон, мо дар марҳилаи ҳаракати мунтазам барои ба даст овардани ҳадафи стратегии сеюм - таъмини амнияти озуқавории кишвар қарор дорем.

Фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар тавассути рушди устувори соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва иқтидори нави коркарди маҳсулот таъмин карда мешавад.

Бо мақсади таъмини зиндагии шоистаи мардум ва минбаъд баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии он тадбирҳои миқёсии дорои хусусияти иҷтимоӣ босуръат андешида шуда, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маориф ва таъйиноти гуногун сохта мешаванд.

Барқарорсозии сулҳ, оромӣ ва субот ба дигаргунсозии иҷтимоию сиёсии миқёсӣ дар кившар роҳ кушод.

Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ мо Парлумони доимоамалкунандаи касбии дупалатагиро бо дарки куллии он таъсис додем. Имрӯз ҳокимияти қонунгузор манфиати ҳамаи қишрҳои ҷомеаро таъмин менамояд.

Дар раванди рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар нақши Шӯрои ҷамъиятӣ, ки қариб ҳамаи қувваҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишварро зери сарпасрастии худ муттаҳид намудааст, бениҳоят назаррас буд ва мемонад.

Ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошт ва мегузорад.

Дӯстони гиромӣ!

Тоҷикистон дар фаъолияти сиёсати хориҷии худ сиёсати «дарҳои боз»-ро интихоб карда, робитаҳои мутақобиларо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазам ва муттасил рушд медиҳад.

 Тоҷикистон имрӯз узви комилҳуқуқи он буда, минбари СММ-ро барои пешбурди ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ фаъолона истифода мебарад.

Пешниҳодҳои Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, ба ҳама маълуманд.

Соли равон татбиқи амалии ташаббуси чаҳоруми мо - эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои давраи то соли 2028 оғоз гардид.

Мо дар доираи САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ, СҲИ ва як зумраи дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таҳияи ҳалли муносиби масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ширкат меварзем.

Дар заминаи раёсати кунунии худ дар ИДМ Тоҷикистон барои зиёд кардани натиҷаҳои судманди ноилшуда дар доираи Иттиҳод ва таҳкими иқтидори ҳамгироӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Тоҷикистон ҳамкории мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ батадриҷ рушд медиҳад.

Имрӯз мо бо зиёда аз як саду шаст давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаем.

Мо муносибатҳоямонро бо кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америкаи Шимолӣ фаъолона рушд дода, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои Африқо ва Америкаи Лотинӣ тадбирҳо андешида истодаем.

Бо назардошти умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳои дар наздамон гузошташуда яке аз вазифаҳои асосӣ ин таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Итминон дорем, ки ҳамкории созандаи минтақавӣ ба манфиати бунёдии ҳамаи халқҳои ин минтақа хоҳад буд.

Рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат бо давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла бо Озарбойҷони дӯст бароямон аҳамияти афзалиятнок дорад.

Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ду кишвар ҳамкории зич дошта, талошҳояшонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамоҳанг менамоянд.

Итминон дорам, ки мувофиқаҳои дар сафари кунунӣ бадастомада робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷонро бо мазмуну муҳтавои нав пур месозанд. 

Дар охир мехоҳам ба Академияи дипломатии Озарбойҷон зиёдшавии он анъанаҳои нек, ки аллакай дар деворҳои он ташаккул ёфтаанд ва ба ҳамаи шунавандагон - дипломатҳои оянда – дар таҳсил комёбиҳои беназир ва дар оянда - дастовардҳои бузург дар роҳи ҳифзи манфиатҳои Озарбойҷони бародар дар арсаи ҷаҳон таманно намоям!

Ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520