Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама

02.07.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Барак Обама барқияи шодбош фиристод. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад:

«ҷаноби мӯҳтарам, Президент, бо камоли қаноатмандӣ Шумо ва хамаи халқи бо мо дӯсти Амрикоро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик намуда, орзуҳои неки худро ба унвони шумо иброз медорам.

Мо ба вазъияти имрӯза ва ҷараёни густариши муносибатҳои мутақобилан муфиди Тоҷикистону Амрико баҳои баланд медиҳем, ки ба ояндаи дурахшон равона карда шудааст. Имони комил дорам, ки рушди минбаъда ва вусъати соҳаҳои ҳамкорӣ ба манфиатҳои миллии ҳар ду мамлакат ҷавобгӯ буда, омили муҳими дар амал татбиқ намудани ғояҳои демократия ва пешрафт дар минтақа ва ҷаҳон хоҳанд гашт. Тоҷикистон барои ин аз тамоми имкониятҳо самарабахш истифода хоҳад кард.

Ҷаноби Президент, табрикоти самимонаи маро қабул фармоед, ба шумо саломатии комил, хушбахтӣ, рӯзгори фараҳмандона ва ба халқи мамлакататон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520