Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов

10.08.2018 20:14, Озарбойҷон

Дар шаҳри Боку ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов баргузор шуд.

Ҷонибҳо муҳимтарин мавзуҳои марбут ба ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд ва барои тақвияти бештари ин ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарурати фаъолгардонии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкилу ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот таъкид гардид.

Доир ба ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории Ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» бо корхонаи алюминий ва ширкати нефту гази Озарбойҷон таклифу пешниҳодҳои муфид баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар хатарҳои маргбори ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520