Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Айнӣ ҳангоми гузоштани санги асоси зеристгоҳи Хуҷанд-Айнӣ

08.07.2010 16:30, ноҳияи Айнӣ

Падару модарони азиз!
Бародару хоҳарони мўҳтарам!

Вохўрии мову шумо дар рўзҳое доир мегардад, ки чанд рўз қабл мардуми шарифи Тоҷикистон сездаҳумин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ - ҷашни барои ҳар як фарди меҳанпарасти кишвар муборак ва муқаддасро бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона муборакбод менамоям.

Сипас барои истиқболи гарму самимӣ, ки ҷонибдории шуморо аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат нишон медиҳад, миннатдорӣ изҳор намуда, ба ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо ба хонадони ҳар фарди меҳнатқарини ноҳия барори кору сарбаландӣ орзу менамоям.

Ноҳияи Айнӣ, ки дар дили кишвар ҷойгир шуда, қисматҳои ҷанубу шимоли мамлакатро бо ҳам мепайвандад, яке аз ноҳияҳое мебошад, ки ҳанўз соли 1954 номи яке аз фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллат – устод Садриддин Айниро ба худ гирифтааст ва бисёр фарзандони соҳибмаърифату донишманд ва баору номусро тарбия кардааст ва ҳар кадоми онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат кору фаъолият намуда, дар рушди илму маориф ва адабиёту фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд.

Имрўз низ мардуми шарифи ин ноҳияи дурдасти мамлакат анъанаҳои гузаштагони хешро идома дода, дар қатори дигар сокинони кишвар ба хотири ободии Ватани маҳбубамон талош меварзанд.

Мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҳадафи асосии сафари кории мо ба ноҳия, пеш аз ҳама, дидорбинии шумо ва ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин дар ҳузури шумо хишти аввали зеристгоҳи хатти баландшиддати барқи Хуҷанд-Айниро гузоштем, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 130 миллион сомонӣ буда, дар арафаи 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода супорида хоҳад шуд ва барои аз мушкилоти барқ раҳоӣ бахшидани сокинони водии Зарафшон нақши муҳим хоҳад бозид.

Мо имрўз бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба хотири ободии ҳар як гўшаву канори сарзамини аҷдодии худ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва беҳбудии рўзгори халқамон сиёсати созандагиву бунёдкориро пеш гирифта, дар доираи он бо истифода аз тамоми воситаҳо масъалаҳои соҳаи иқтисодию иҷтимоиро пайваста ва тадриҷан ҳаллу фасл карда истодаем.

Дар ин раванд мову шумо бояд таърихи куҳани мардуми худро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, аз корномаи фарзандони ҷоннисори миллат сабақ омўзем, ки дарвоқеъ ҳамаи ин сарчашмаи камолоти маънавии мо мебошад. Ободу зебо ва ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибмаърифату меҳанпараст мебошад.

Ман имрўз яке аз чунин ёдгориҳои таърихӣ - марқади Мавлоно Шамси Табрезиро, ки дар як деҳаи дурдасти ноҳия воқеъ гардидааст, зиёрат намуда, бори дигар эҳсос намудам, ки дар ҳақиқат халқи тоҷик нисбат ба ниёгони худ бо ҳазор ихлос ва эҳтиром муносибат намуда, ба мероси бузурги онҳо арҷ мегузорад.

Мо дар марҳалаи нави давлатдориамон сиёсати созандагиву бунёдкориро пеша намуда, ба сохтмони як силсила иншооти стратегӣ оғоз кардем, ки онҳо пойдевори пешрафти устувори кишварамон дар асри XXI хоҳанд гардид.

Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат то ба имрўз ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла эҳё ва рушди соҳаҳои энергетика ва саноат, роҳсозӣ ва коммуникатсия, сохтмони пулу нақбҳои мошингард ноил шудем, ки шумо аз онҳо хуб огоҳӣ доред.

Пеш аз ҳама, дар самти раҳоӣ намудани мардуми кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, бахусус сокинони водии Зарафшон, ки дар фасли зимистон бинобар набудани роҳ имконияти рафтуомадро ба пойтахти мамлакат ва маркази вилоят надоштанд, ба кандани яке аз иншооти муҳими стратегӣ - нақби Анзоб, ки имрўз бо номи «Истиқлол» ёд мешавад, шурўъ намудем.

Вақте мо ба кандани нақб оғоз намудем, кам набуданд шахсоне, ки ба анҷоми муваффақонаи он шубҳа доштанд ва ҳатто мегуфтанд, ки ин кор иҷронашаванда аст.

Аксарияти халқи тоҷик ва шумо - ҳозирини гиромӣ, хуб дар ёд доред, ки ман он вақт гуфта будам, ки агар мо имкони муҳайё кардани техникаву таҷҳизотро наёбем, нақбро бо нохуни худ меканем. Ва тавре ки имрўз ҳама шоҳиданд, мо бо кўмаку дастгирии халқи азизи худ аз ин имтиҳони ҷиддӣ сарбаландона гузаштем.

Тасаввур кунед, ки мо даҳ километр нақб кандем. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол чунин нақб вуҷуд надорад. Шумо, албатта, хуб мефаҳмед, ки ин кори саҳлу осон набуд.

Хушбахтона, тавассути ин нақби ормону орзуҳо, ки пайвандгари дили кулли сокинони кишвар мебошад, Шоҳроҳи Бузурги Абрешим баъди ҳазорсолаҳо аз нав эҳё шуд ва имрўз рафтуомади бемамониати мардум таъмин шудааст, ки ин пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Айнӣ мусоидат мекунад.

Таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Чанак, ки 84 километри он тавассути ноҳияи Айнӣ мегузарад, низ яке аз лоиҳаҳои инвеститсионии ҳаҷман калон маҳсуб ёфта, дар заминаи ин лоиҳа бунёд гардидани нақби Шаҳристон, ки дар арафаи 20-солагии истиқлолият пурра ба истифода супорида хоҳад шуд, ба иқтисодиёти кишвар садҳо миллион сомонӣ фоида оварда, водии Зарафшонро, аз ҷумла ноҳияи Айниро дар ояндаи наздик ба яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта мубаддал мегардонад.

Дар ҳамин замина бояд зикр намоям, ки дар асоси тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар тайи солҳои охир дар ноҳияи Айнӣ бо сарфи миллионҳо сомонӣ маблағҳои давлатӣ ва сармояи хориҷӣ як силсила иншооти хурду бузург, хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ мавриди сохтмон ва таъмиру таҷдид қарор гирифта, аксарияти онҳо ба истифода супорида шудаанд.

Барои бунёд, таъмиру азнавсозӣ ва беҳбудии шароити инфраструктураи иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла барқарорсозии иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, инфраструктураи коммуналӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин тараққиёти устувори соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия 10 лоиҳаи инвеститсионӣ ва кўмаки техникӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, амалӣ шуда истодаанд.

Умуман дар солҳои 2006-2009 ва нимсолаи аввали соли 2010 барои тараққиёти ноҳияи Айнӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 680 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Ин маблағҳо пеш аз ҳама барои рушд ва барқарор намудани муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва дигар хароҷотҳо равона карда шудаанд.

Аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Ревади ҷамоати деҳоти Урметан барои 640 нафар, бо дастгирии бевоситаи ҳукумати мамлакат дар деҳаҳои Дарғ, Искодар ва Шаватки Боло мактабҳои замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои ислоҳоти соҳаи тиб ва маориф якчанд беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва мактабҳо тармиму азнавсозӣ гардиданд. Дар деҳаи Похут сохтмони мактаб барои 480 ҷои нишаст идома дорад ва иҷрои корҳо дар он имрўз зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар деҳаҳои Гузари Бод ва Рарз 2 мактаб барои 320 хонанда ба тариқи ҳашар бунёд гардида истодааст, ки дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар оғози соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Ғайр аз ин, бо истифода аз маблағҳои дохилӣ дар деҳаҳои Каздон ва Шамтуч сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ оғоз шудааст. Дар ноҳия сохтмони як қатор иншооти таъиноти маъмуриву иҷтимоӣ ва коммуникатсионӣ идома дорад.

Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат дар доираи тадбирҳои амалинамудаи ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ бунёди силсилаи нерўгоҳҳои барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар деҳаи Тўда нерўгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 250 киловатт, ки арзиши лоиҳавиаш қариб якуним миллион сомониро ташкил медиҳад, ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шуд. ҳамзамон бо ин, сохтмони нерўгоҳи хурди барқи обии Марзич бо иқтидори 4,3 мегаватт, ки арзиши он қариб 14 миллион сомонӣ мебошад, босуръат идома ёфта, баъди ба истифода додани он танқисии нерўи барқ дар ноҳияи Айнӣ пурра бартараф мегардад.

Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ, аз қабили ғаллаву сабзавоткорӣ, картошкапарварию боғдорӣ тавассути барномаҳои давлатӣ мавриди дастгирии ҳамаҷониба қарор доранд.
Дар ноҳия ба чорводорӣ, ки соҳаи сердаромад маҳсуб меёбад, диққати махсус дода мешавад. Дар ин самт таъмини иҷрои Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 аҳамияти зиёд дорад.

Ҳоло шумораи хоҷагиҳои қутоспарвар ба 7 адад расонида шудааст. Саршумори ин намуди чорвои аз ҷиҳати иқтисодӣ сердаромад ва гўшташ барои саломатии инсон бисёр фоидаовар дар ноҳия рўз аз рўз афзоиш ёфта истодааст: соли 2008 саршумори қутос дар ноҳия 468 сарро ташкил медод, ҳоло ин нишондиҳанда ба 640 расидааст ва чорводорони ноҳия ният доранд, ки то охири сол саршумори онро ба 700 сар расонанд.

Бо дарназардошти он, ки ноҳия яке аз ноҳияҳои камзамин маҳсуб меёбад, азхудкунии заминҳои нав ва самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ зери назоратӣ қатъӣ қарор дорад.

Зеро дар шароити кўҳистон ҳар ваҷаб замин ва истифодаи оқилонаи он воситаи асосии ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва заминаи баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Боғдорӣ дар шароити иқлими ноҳияи Айнӣ яке аз соҳаҳои даромаднок ба ҳисоб рафта, барои рушди он имкониятҳои мусоид мавҷуданд. Масалан, аз ҳисоби заминҳои нав зиёд намудани майдони боғот ва парвариши навъҳои гуногуни зардолу, ки дар дигар манотиқи кишвар парвариш намеёбад, метавонад ба афзоиши даромади сокинони ноҳия мусоидат намояд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳияи Айнӣ дар баробари кишоварзӣ барои рушди саноат, аз ҷумла саноати маъдани кўҳӣ низ захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд.

Асоси соҳаи саноати ноҳияро Корхонаи муштараки «Анзоб» ва Корхонаи воҳиди давлатии кони ангишти «Фон-Яғноб» ташкил медиҳанд, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. қисми зиёди андоз ба буҷети маҳаллӣ аз корхонаҳои мазкур ворид мегардад, ки имрўз зиёда аз 40 фоизро ташкил медиҳад.

Кони ангишти «Фон-Яғноб» манбаи ангиштсанги коксшаванда буда, аҳолии водии Зарафшон ва дигар манотиқи кишварро бо ин намуди сўзишворӣ таъмин менамояд. Талабот ба маҳсулоти ин корхона дар бозори дохилӣ хеле зиёд буда, солҳои охир ҳамаи маҳсулоти истеҳсолшуда ба фурўш бароварда шудааст. Корхона метавонад аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг ба тариқи кушод 200-220 ҷои корӣ муҳайё намояд ва истеҳсоли ангиштро зиёд намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло лоиҳаи сохтмони як нерўгоҳи барқи ҳароратиро дар асоси истифодаи захираҳои кони мазкур таҳия карда истодааст.

Дигар ин, ки бо кушода шудани роҳу нақбҳо барои иктишофу истихроҷ ва коркарди саноатии канданиҳои фоиданоки водии Зарафшон имконияти ҷалби садҳо миллион доллар сармоягузории хориҷӣ фароҳам мегардад.

Тавре ки зикр намудам, ноҳияи Айнӣ дорои табиати зебову биҳиштосо буда, 97 фоизи ҳудуди онро қаторкўҳҳо ташкил медиҳанд. Мавқеи ҷуғрофии мусоиди ноҳия, обу ҳавои софу беғубор, чашмаҳои гуногуни шаффофу шифобахш, Искандаркўл, Кўли Аловуддин, водии Яғноб дар оянда барои сайёҳон аз тамоми гўшаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди саёҳати экологӣ ва кўҳнавардӣ имконият фароҳам меоварад.

Яъне туризм дар ояндаи наздик метавонад ба манбаи асосии даромади ноҳия табдил ёбад. ҳамчунин рушди соҳаи туризм дар шароити кам будани корхонаҳои истеҳсолӣ ва нарасидани заминҳои корами обӣ метавонад заминаи мусоиди паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия гардад.

Дар масъалаи роҳу коммуникатсия, ки асоси пешрафти ҳамаи соҳаҳо мебошад, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Чанак ҳаракати доимии нақлиётро миёни қисматҳои ҷанубу шимоли кишвар таъмин менамояд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки мо аз мушкилоти роҳҳои Айнӣ - Панҷакент ва Айнӣ - Кўҳистони Мастчоҳ пурра огоҳӣ дорем ва ҳоло ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар сохтору мақомоти дахлдор масъалаи таҳияи лоиҳаи таҷдиди онҳоро барои солҳои оянда баррасӣ намояд.

Дўстони азиз!

Мо барои татбиқи Барномаи стратегиву ояндасози худ тамоми захираву имкониятҳои заруриро дорем. Дар баробари ин мехоҳам хотирнишон созам, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои неки пешгирифтаамон мо бояд шукронаи истиқлолият ва давлати мустақиламонро ба ҷо орем, ваҳдати миллиамонро, ки шарти асосии бақои миллат ва давлатамон мебошад, эҳтиёт кунем ва онро бо фаъолияти созандаи худ тақвият бахшем.

Шубҳае нест, ки кулли сокинони бонангу ор, ватандўсту ватанпараст ва ҳар фарди худогоҳу худшиноси ноҳияи Айнӣ садоқат ва меҳру муҳаббати хешро ба кишвари биҳиштосоямон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, халқи соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва сарбаланди худ минбаъд низ бо меҳнати созанда ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумат собит месозанд.

Тоҷикистон бо номи фарзандони бузурги водии Зарафшон – аз устод Рўдакӣ сар карда, то Туғрали ширинсухан ва даҳҳо нафари дигаре, ки зодаву парвардаи ин диёри шеъру адаб буда, барои баланд бардоштани ному мақоми тоҷикон хизмат кардаанд, ифтихор дорад.

Бовар дорам, ки шумо - сокинони меҳмондўсту сарбаланди ноҳияи Айнӣ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои имрўзу оянда, эҳсоси гарми ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, ободию пешрафти Тоҷикистони соҳибихтиёр ва рушди давлати соҳибистиқлоли худ саъю талош мекунед.

Бо изҳори ҳамин орзуву ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо ба кулли сокинони ноҳия хонаободиву сарбаландӣ ва рўзгори нек орзумандам.

Ҳамеша сарбаланду сарфароз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520