Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

08.07.2010 15:00, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама шуморо ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки чанде пештар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, бори дигар ягонагиву ҳамбастагии халқи Тоҷикистонро собит сохт, самимона табрику таҳният мегўям.

Ин санаи бузургу тақдирсоз ба миллати мо рўҳи дубора бахшида, барои оғози пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон - Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард.

Ва имрўз - бо гузашти сездаҳ сол мо дилпурона ва бо ифтихор гуфта метавонем, ки тамоми дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ самараи ваҳдати миллӣ ва ваҳдати миллӣ меваи шаҳдбори ақлу заковати халқи куҳанбунёдамон мебошад.

Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ низ, ки мо имрўз ба меҳмонии мардуми сарбаланди он омадаем, нишонаи соҳибихтиёрии давлати мо буда, дар даврони истиқлолият таъсис ёфт ва дар тўли понздаҳ соли мавҷудияташ ҳам аз ҷиҳати ташкили сохтори идораи давлатӣ ва ҳам аз лиҳози рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт рўз ба рўз ба як гўшаи ободу зебои мамлакат табдил ёфта истодааст.

Тавре ки шумо дар хотир доред, ҳанўз соли 2002-ум аз ноҳияи шумо дидан намуда, доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии он ибрози назар карда будам. ҳадафи сафари имрўза низ пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи рўзгори мардум, ҷараёни корҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои ҳукумати мамлакат, ислоҳи мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ва такони ҷиддӣ бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ мебошад.

Қабл аз ин, ки натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем, мехостам таваҷҷўҳи шуморо ба ҷараёни татбиқи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар давраи то соли 2015-ум, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон моҳи июни соли 2001 қабул гардида буд, ҷалб намоям.

Дар доираи барномаи мазкур то соли 2015 ҳамасола бештар гардонидани имкониятҳои истеҳсолии ноҳия, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки ҳама дар маҷмўъ иқтидори иқтисодии ноҳияро таҳким бахшида, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард, пешбинӣ шудааст.

Умуман, аз оғози ташкили ноҳия дар доираи барномаи зикршуда барои тараққиёти ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ зиёда аз 45 миллион сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд. Ин маблағҳо, пеш аз ҳама, барои рушд ва барқарор намудани муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва дигар хароҷот сарф гардидаанд.

Тавре ки шумо хуб медонед, масъалаи рушди соҳибкории хурду миёна ва махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун яке аз василаҳои асосии беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва махсусан ноҳияҳои дурдасти кўҳистон таҳти таваҷҷўҳи доимии давлату ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Имсол ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда қариб 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

ҳоло дар ноҳия ҳашт лоиҳаи инвеститсионӣ, аз қабили лоиҳаи таҷдиди маориф, лоиҳаи гранти Фонди каталитикӣ, инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо, лоиҳа оид ба беҳдошти тандурустии ҷамоавӣ ва беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда 8 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 12 мактаб таҷдиду тармим гардида, барои муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 40 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харида шуд.

Чунон ки маълум аст, дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ захираҳои зиёди сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла металҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳову ороишӣ мавҷуданд, ки то ба ҳол истифодаи онҳо оғоз нагардидааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки бо дарназардошти рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тендерҳои байналмилалӣ гузаронида, барои истихроҷ ва коркарди онҳо ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро ташкил намоянд.

Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ яке аз шодобтарин ноҳияҳои кишвар мебошад ва шароити ҷуғрофии он имконият медиҳад, ки дар ин мавзеъ силсилаи нерўгоҳҳои миёнаи барқӣ сохта шаванд.

Азбаски мардуми кишвари мо чандин сол инҷониб дар фасли тирамоҳу зимистон аз норасоии нерўи барқ танқисӣ мекашанд, имрўз бунёди натанҳо нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, балки нерўгоҳҳои иқтидорашон миёна низ барои расидан ба ҳадафи стратегии давлатамон - таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат мадад мерасонад.

Ҳамин аст, ки дар доираи барномаи бунёди нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ дар солҳои охир дар ҳудуди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ 53 нерўгоҳи хурди барқи обӣ бунёд ёфт, ки онҳо то андозае мушкилоти норасоии барқро осон карданд.

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб ба 7 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 фоизро ташкил медиҳад.

Ноҳия асосан дар мавзеи кўҳистон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 368 ҳазор гектарро дарбар мегирад, ки аз он 2100 гектараш заминҳои корам ва 440 гектараш боғи дарахтони бисёрсола мебошад. Вале нишондиҳандаҳои зикршуда нисбат ба дурнамо ва имкониятҳои дар ноҳия мавҷуда кам мебошанд.

Аз ин рў, ба Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ супориш дода мешавад, ки барои ҳарчи пурра истифода кардани захираву имкониятҳо ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар кардани зоти чорво ва афзоиш додани маҳсулнокии он чораҳои мушаххас андешанд.

Зеро иқлим ва шароити ҷойгиршавии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои парвариши картошка, боғдорӣ ва чорводорӣ хеле мусоид мебошад.

Хурсандибахш аст, ки роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони ноҳия ба масъалаи рушди картошкапарварӣ муносибати ҷиддӣ намуда, имсол майдони кишти картошкаро нисбат ба соли гузашта 230 гектар зиёд кардаанд ва парвариши онро тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ мондаанд.

Умуман, истеҳсоли картошка дар се соли охир 165 ҳазор тоннаро ташкил кардааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар сол 55 ҳазор тонна рост меояд.

Кишоварзони ноҳия ният доранд имсол зиёда аз 57 ҳазор тонна картошка истеҳсол кунанд, ки ин саҳми арзандаи онҳо дар таъмини бозорҳои дохилӣ ва дар айни замон боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии худашон хоҳад шуд.

Илова бар ин, барои рушди соҳа имсол ба хоҷагиҳои ноҳия аз ҳисоби буҷет ба миқдори 230 тонна тухмии репродуксияи баланд дода шуд, ки барои инкишофи минбаъдаи соҳаи тухмипарварӣ дар оянда мусоидат менамояд.

Ба хотир меорам, ки вақте мо мехостем дар Кўҳистони Мастчоҳ ноҳия ташкил кунем, бисёриҳо ба ин андеша зид буданд, зеро ба ояндаи он бовар надоштанд.

Вале чунон ки имрўз мебинем, мардуми заҳматкаши ноҳия ҳам зиндагии худашонро обод кардаанд ва ҳам барои таъминоти шаҳру ноҳияҳои дигари кишварамон ва ҳатто бозорҳои хориҷӣ ҳисса гузашта истодаанд.

Кишоварзони ноҳия дар соҳаи боғдорӣ низ дар асоси Фармони Президенти мамлакат оид ба рушди ин соҳа амал карда, иҷрои дурнаморо таъмин намудаанд. Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ин соҳаи сердаромад бо истифода аз тамоми имкониятҳо инкишоф дода шавад. ҳамчунин мувофиқи мақсад мебошад, ки барои ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия ба масъалаи азхудкунии заминҳои нав диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бинобар ин, зарур аст, ки Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав дар ноҳия чораҷўӣ намоянд.

Аз ҷониби дигар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии деҳот ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар худи ноҳия, ҳамчунин бо дарназардошти зичии аҳолӣ ва минтақаҳои хавфнок ба ноҳияву минтақаҳои серзамин кўчонидани қисми хоҳишманди аҳолӣ чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба соҳаи комплекси агросаноатӣ ва рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ҳолати кунунии соҳа ва захираву имкониятҳои ноҳияро мавриди омўзиш қарор дода, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод масъалаи ба расмият даровардани парвандаҳои заминсозиро оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳудуди ноҳия, ҳамчунин барои ба ноҳияи Зафаробод кўчонидани қисми дигари аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ҳаллу фасли он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ва махсуси сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон шудааст. Зеро танҳо ба воситаи омўхтани илму дониши муосир, пешбурди дурусти низоми таълим ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои замонавӣ метавон ба натиҷаҳои дилхоҳ расид.

Ҳоло дар деҳаи Оббурдони ноҳия бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохтмони мактаб барои 320 ҷойи нишаст бо толори варзишӣ босуръат идома дорад. Мувофиқи нақша иншооти мазкур соли 2011 ба истифода дода мешавад.

Инчунин сохтмони навбати дуюми мактаб-интернат дар шаҳраки Меҳрон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ идома дорад.

Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар масъалаи таъминоти моддиву техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор мушкилот вуҷуд дорад. Аз ҷумла таълимгоҳҳои ноҳия ба мизу курсиҳои мактабӣ, мизу курсӣ барои омўзгорон ва баъзе асбобу ашёи таълимӣ эҳтиёҷ доранд. ҳоло дар ноҳия 20 мактаб таъмирталаб буда, як мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Аз ин рў, ба Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳукумати давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ супориш дода мешавад, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти зикршуда ва дигар проблемаҳои мавҷудаи соҳа тадбирҳои муассир андешанд.

Ҳифзи саломатии аҳолӣ низ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии мо мебошад. Давлату ҳукумати мамлакат солҳои охир аз ҷониби худ ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи тиб, ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмўъ ба рушди соҳа таваҷҷўҳи махсус медиҳад.

Солҳои охир дар деҳаҳои Роғ, Пастиғав, Лангар, Худгифи соя, ғузн ва Мадрушкати ноҳия марказҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуда, имрўз ба мардум хизмат расонида истодаанд.

Дар ноҳия 66 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ фаъолият менамоянд, лекин ин шумора бо дарназардошти шумораи аҳолии он нокифоя мебошад.

ҳоло дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳия 19 нафар, аз ҷумла 8 нафарашон тибқи квотаи президентӣ та?сил доранд. Вале ҳанўз талабот ба мутахассисони дорои маълумоти олидор аз рўи ихтисосҳои гуногун 15 нафарро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, Вазорати тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бояд масъалаи мазкурро ҳаматарафа омўхта, ҷиҳати ҳаллу фасли он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои нишондодҳои Барномаи давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳро дар давраи то соли 2015 дар мўҳлатҳои муқарраршуда таъмин намоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати кору фаъолияти озодонаи сокинони мамлакат, дар навбати аввал дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон, аз ҷумла Кўҳистони Мастчоҳ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Мо хуб медонем, ки мардуми ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ воқеан ватанпарвару ватандўст ва заҳматписанд мебошанд. Дар сарчашмаҳои мўътабари таърихиву адабӣ мардуми Мастчоҳ аз қадим ҳамчун одамони тануманду ҳимматбаланд, солиму озодманиш ва ростқавлу ободгар зикр шудаанд.

Онҳо имрўз низ сиёсати созандагиву бунёдкоронаи давлатро самимона дастгирӣ мекунанд ва чунонки мебинем, барои пешравӣ ва ободу зебо гардонидани ноҳияи худ заҳмат мекашанд.

Дар раванди меҳнати созанда ва фаъолияти ободгарии худ ҳамаи мо бояд як масъаларо ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки тақдири ватанамон дар дасти худамон аст ва ободу шукуфою пешрафта гардонидани ҳар як гўшаву канори он низ вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи имонии ҳар кадоми мост.

Аз ин рў, аз ҳар кадоми шумо –пирони соҳибтаҷрибаву рўзгордида ва роҳбарону намояндагони баобрўи маҳаллаҳову деҳот тақозо мегардад, ки пеш аз ҳама барои обод кардани хонаву дари худ, кўчаву деҳи худ, хулоса Ватани аҷдодии худ камари ҳиммат бандед.

Соли оянда мо санаи мубораки миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. ҳар кору пайкори мову шумо дар давраи омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни бузург бояд ба хотири дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ин санаи сарнавиштсози таърихӣ нигаронида шавад.

Ман ба ғайрату ҳиммати мардуми сарбаланду боғурур ва бонангу номуси Кўҳистони Мастчоҳ итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо мисли тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири ободии Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳар кадоми шумо сарбаландиву тандурустӣ, саодати рўзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520