Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Императори Япония Акихито

10.07.2018 18:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимии моро бирасонед.

Ба осебдидагон шифои комил орзумандем».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520