Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан

09.07.2010 15:00, шаҳри Истаравшан

Субҳи имрўз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшани бостонӣ идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мактаби нави сокинони деҳаи Найман, ки ба тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони деҳа бунёд ёфтааст, ташриф оварда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки мактаби мазкур барои 330 нафар аз ҷониби соҳибкорон ва саховатмандони деҳа бо харҷи 750 000 сомонӣ дар зарфи 4 моҳи охир бунёд ёфта, дорои 11 синфхона ва 4 утоқи корӣ мебошад.

Чунонки аён гашт, синфхонаҳо ва утоқҳои фаннии забони русӣ, англисӣ, риёзиёт, кимиё, биология ва технологияи информатсионӣ бо ашёи таълимӣ пурра муҷаҳҳаз шудаанд. Синфи компютерӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет низ пайваст аст.

Дар назди мактаб ҳамчунин варзишго?и хуб бунёд меёбад, ки то оғози соли таҳсил ба истифода дода мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ояндаи ин мактаб, ки ба истиқболи ў омада буданд, сўҳбатҳои дилнишин анҷом дода, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ кардани илму технологияҳои муосир ҳидоят намуд. Аз чониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин мактаби навбунёд 10 компютер ва дигар таҷҳизоти техникии таълимӣ тўҳфа карда шуд.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи маданӣ-маишӣ ва хизматрасонии Садбарг ба истифода супурда шуд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони ин маҷмаа ҳанўз соли 2005 оғоз ёфта, барои лоиҳакашӣ, сохтмон, васлкунӣ ва таҷҳизонидани он зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ маблаӣ сарф шудааст.

Маҷмааи мазкур дар майдони ним гектар замин бунёд ёфта, аз меҳмонхонаи сеситора барои 18 нафар, тарабхона бо 120 ҷойи нишаст, боғчаи бачагон барои 50 кас, мағозаҳои фурўши тўҳфаҳо, либосҳои мардонаву занона ва бачагонаи истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ, маводҳои хўрока, интернет-кафе, фитнесклуб, хушкашўии либос, ?аммом, сехҳои дўзандагию қаннодӣ иборат аст.

Аз ҳама ҷойи ҷолиби ин маҷмаа мавзеъҳои бозӣ ва дилхушии кўдакону наврасон аст, ки бо шароити замонавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд.

Дар маҷмааи маданӣ-маишӣ ва хизматрасонии “Садбарг”, ки аз ҷониби бародарони соҳибкор Аюбовҳо бунёд ёфтааст, беш аз 150 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Яке аз қисматҳои аз ҳама муҳим ва хотирмони ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан боздиди ў аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ буд.

Дар ин ҷо маҳсули кори устоҳои чирадасти чубтарош, оҳангарон, мисгарон, чармгарон, читгарон, мўзадўзон, гулдўзон, гилембофон, қаннодон ва ғайра ба маъраз гузошта шуда буданд. Фаровонӣ ва гуногунрангии маҳсули ҳунарҳои бостонӣ ва муосири мардумӣ аз таъриху фарҳанги қадимии миллати тоҷик, аз ҷумла тоҷикони Истаравшани бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Дар тарабхонаи «Сўҳбати дўстон»-и шаҳри Истаравшан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар хатнасури дастаҷамъонаи 40 нафар писарчаҳо ва тўйи арусии 10 ҷуфти ҷавонон аз оилаҳои камбизоат иштирок намуда, ба созмондиҳандагони ин амри хайр, ки дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои падаронаи Сарвари давлат ба роҳ монда шудааст, арзи сипос кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳо тўҳфаҳои арзишманди барои рўзгори ояндаашон зарурӣ, аз ҷумла телевизор, яхдон, чангкаш ва дигар дастовезҳои тўёна тақдим намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии он иштирок намуда, аз самараи заҳмати аҳли деҳот, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳо тавассути кишти тухмиҳои хушсифат ва нигоҳубини хуби боғу токзор изҳори қаноатмандӣ намуд.

Чунонки маълум шуд, дар деҳаи Ругунд 14 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, онҳо ба парвариши боғу токзор, кишти сабзавоту полезӣ ва чорводор? машғуланд.

Тавачҷҷўҳи бештари Сарвари давлатро дар хоҷагии деҳқонии Ругунд таҷрибаи парвариши ангўри кишмиш бо усули бобоӣ ҷалб намуд.

Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо ангўр дар рўйи замин бе сутунгузорию симкашӣ, яъне бо усуси хеле ҷолибу камхарҷ ба роҳ монда шудааст. Дар байни қаторҳои токзор ҷўйҳои калону чуқур канда шудаанд, ки барои захираи об ва яхобмонӣ ва ҳамчунин барои дар фасли зимистон зери хок кардану аз сардӣ эмин нигоҳ доштани токҳои ангўр пешбинӣ шудаанд.

Чунонки аз сўҳбат бо роҳбарияти хоҷагӣ аён шуд, он дорои 1820 га замин ва 1916 саҳмдор мебошад. Аҳли хоҷагӣ соли гузашта аз 381 га токзори кишмиш 9100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд. Имсол умед доранд, ки аз ҳар гектар то 300 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Хоҷагӣ ҳамчунин бо ниҳолпарварӣ машғул буда, айни ҳол беш аз 1 миллион навниҳоли фурўшӣ омода кардааст, аз он беш аз 300 ҳазорашро ниҳолҳои ангўри кишмиш ташкил медиҳанд.

Дар сўҳбат бо занбўрпарвари ҳамин хоҷагӣ Шералӣ Аминҷонов маълум шуд, ки ў соли гузашта аз 90 оилаи занбўр 3 тонна асал ҷамъоварӣ намудааст. Ба гуфти ў, дар ин минтақа дар як сол то 4 маротиба асал гирифтан мумкин аст. ҳар оилаи занбўри асал дар як сол то 30-35 кг асал медодааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои токзори хоҷагиҳои деҳқонии Ругунд ва Миразим ҳамчунин якчанд ниҳоли ангўри кишмиш шинонда, ба роҳбарияти вилояти Суғду шаҳри Истравшан ва боғпарварони ин хоҷагиҳо дастуру маслиҳат дод, ки чунин усули парвариши ангўри ин навъи бозоргирро дар минтақаҳои ҷануби кишвар низ ба роҳ монанд.

Роҳбари хоҷагии Ругунд Ғафурҷон Ҳомидов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки агар ба ў дар ноҳияҳои ҷануби кишвар замин ҷудо кунанд, ў омода аст, ки ин корро дар он ҷо ривоҷ диҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки ба ў барои ҷудо намудани замин ва муҳайё кардани дигар шароити зарурӣ мусоидат намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520