Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

06.07.2018 17:28, Қазоқистон

6 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидори навбатӣ изҳори хушнудӣ карда, натиҷаҳои сафари давлатии ҳамтои худро ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, барои рушду густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муҳимму арзишманд арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати тавсеаи робитаҳои судовари ду кишвар дар ҳама соҳаҳо ва ба нафъи мардумон баҳрабардорӣ кардан аз тамоми имкониятҳои истифоданашуда омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520