Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд

11.07.2010 14:00, шаҳри Гулистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаю вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронии худ аз рафти сафари 4 – рўзаи кории худ ба вилояти Суғд ва аз руҳияи баланди созандаи мардуми заҳматдўсти шаҳру ноҳияҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2010 нақшаи қисми даромади буҷети вилоят 107 фоиз иҷро шудааст. ҳамзамон аз мавҷудияти бақияпулиҳо дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда шуд ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба иҷрои сифатноки буҷет, ҳарчи зиёдтар гардонидани воридоти маблағҳо ба он, тадриҷан кам кардан ва пешгирӣ аз афзоиши бақияпулиҳои андоз чораҳои муассир андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маблағгузориҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ, ки ба рушду нумуи иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангии вилоят равона гаштаанд, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки бо ин ҳадаф тайи солҳои 2006-2009 ва нимсолаи якуми соли равон аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ қариб 5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 540 миллион сомонӣ равона гардидааст. ҳамчунин таъкид гардид, ки айни ҳол дар вилоят бо маблағи умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ 21 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ карда мешавад.

Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо зиёда аз 206 километр роҳ, 7 пул, даҳҳо муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти кишоварзӣ - ирригатсионӣ ва дигар соҳаҳои вилоят бунёд ва мавриди навсозӣ қарор гирифта, сохтмони 2 нақб идома дорад.

Дар нимсолаи якуми соли равон баҳри рушди соҳибкории хурду миёна дар вилоят аз ҷониби бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ ба андозаи 330 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар мамлакат додашуда 37 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат дастур дод, ки баҳри зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои қарздиҳии хурд ба соҳибкорони хурду миёна чораҳо андешида шаванд. Оид ба истифодаи ҳадафманд ва сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо таваҷҷўҳ ба рушди саноат дар вилоят чун яке аз соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки дар нимсолаи якуми соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 фоиз афзун шуд ва афзуд, ки аз 243 корхонаи саноатии вилоят дар 132 тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъмин шудааст, аммо истеҳсолоти 67 корхона коҳиш ёфтааст.

Аз ин хотир, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ дастур дода шуд, ки доир ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзоиши коркарди маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳозираи фаровонии нерўи барқ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки имсол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 11 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо карда шуд ва вобаста ба ин ба масъулин дастур дод, ки баҳри тақсимоти дурусту бонизоми қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ин самт чораҳои муассир андешанд.

Дастуру ҳидоятҳои мушаххас ҳамчунин оид ба таъмини рушди минбаъдаи саноат, энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, аз худ кардани заминҳои нав, васеъ намудани майдони боғу токзор, ҷамъоварии ҳосили фаровони мева, ғалладона ва дигар зироатҳо, вусъат додани кишти такрорӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоии вилоят ва бисёр корҳои муҳими дигар дода шуданд. Дастур дода шуд, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия ҳар сол мутобиқи имкону захираҳо аз 50 то 100-120 гектар замини нав шодоб карда шуда, ба истифодабарии кишоварзӣ супурда шавад.

Дар машварат ҳамчунин ахбори Раиси вилояти Суғд, раисони шаҳру ноҳияҳои он ва дигар шахсони масъул шунида шуд.

Дар ҳисоботи Раиси вилоят, аз ҷумла зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон бо бунёди корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои нави дигар соҳаҳо 22250 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд. Тибқи иттилои ў, дар 6 моҳи соли равон аз вилоят 87 ҳазор тонна сабзавот ва ҳазорҳо тонна меваи хушк ва тару тоза ба хориҷа содир карда шудааст, ки маблағи умумии он ба 54 мллион доллари амрикоӣ баробар аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят дастур дод, ки то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар марказҳои ҳамаи шаҳру ноҳияҳои он толорҳои муосири варзишӣ бунёд намоянд, то ки ҷавонон шароити бо варзиш машғул шуданро дар ҳамаи фаслҳои сол дошта бошанд.

Дар маҷмўъ изҳори умеду боварӣ карда шуд, ки баҳри татбиқи амалии 3 ҳадафи асосии стратегӣ – таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқавории ватани азизамон қадамҳои намоёни устувор пайи ҳам гузошта мешаванд ва мардуми сарфароз ва баору номуси мо ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузургу пурарзиш дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истиқбол мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520