Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Парчами давлатӣ дар шаҳри Конибодом

27.06.2018 10:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар вазъияти тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ин макон ба ҷойи назаррабо ва мавзеъи сайру гашти дилписанди сокинон табдил ёфт. 

Парчами давлатӣ  7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.  Дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, назди Маҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонида шудааст. Ҳамзамон дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда  насб гардида, чароғон кунонида шудааст.

Сокинон аз он ифтихор доранд, ки имрӯз дар партави сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои истироҳатӣ сохта мешаванд.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сиёсати бунёдкоронаи худ  барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва   комил гардондани истироҳату фароғати сокинони мамлакат махсусан сокинони шаҳри Конибодом тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Изҳори эътимоду боварӣ карда шуд, аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба рамзҳои давлатӣ  чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520