Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак

27.06.2018 09:01, шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани қитъаҳои роҳи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким ва Ким-Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара мавриди истифода қарор гирифт.

Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Шарикони рушд ҳавасмандии худро барои оянда саҳмгузорӣ кардан дар тарҳҳои коммуникатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.   

Дар маҷмуъ дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар 3 қитъа 45,1 километр роҳ ба истифода дода шуд. 

Таҷдиди роҳи мазкур соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа бо назардошти талабот ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир ба анҷом расонида шудааст.

Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ширкати «Чайна-Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад. 

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ҷалб шудааст. Дар қисматҳои аҳолинишини роҳ бо назардошти талабот истгоҳҳои замонавӣ насб карда шудааст. 

Дарозии қитъаи Гулистон-Исфара 18,2 километр бо ду хати ҳаракат, қитъаи Исфара-Ким 13 километр аз 2 то 4 хатти ҳаракат ва дарозии қитъаи Ким-Кучкак 13,9 километрро бо ду хати ҳаракат дар бар мегирад. Дар ин 3 қитъаи роҳ 90 адад қубури обгузар ва 8 пул таҷдиду бунёд шудааст.

Дар ду шафати роҳи Ким-Кучкак ба таври таҷрибавӣ дар як километр ниҳоли дарахтони сояафкан бо обёрии қатрагӣ шинонида шудааст.

Аз ин миқдор дар доираи лоиҳа наздики 12 километри маҳалҳои аҳолинишин чароғон ва дар 3 чорроҳа чароғакҳои роҳнамо насб гардидааст. Ҳамзамон дар маҳалҳои аҳолинишин барои пиёдагардон роҳравҳо бунёду сафолакпӯш карда шудааст.

Дастгириҳои доимӣ, татбиқи нақшаҳо, талошҳои пайваста ва натиҷаҳои бадастомада рушди иқтисоди миллиро таъмин ва имкониятро барои расидан ба зиндагии боз ҳам беҳтар фароҳам мегардонад.

Ҳамин гуна тадбирандешиҳои доимии роҳбарияти давлату хукумати мамлакат ва нишондодҳои баланди бадастомада аст, ки Тоҷикистон мувофиқи таҳлили Индекси рақобатнокии глобалии роҳҳои автомобилгард дар давоми солҳои 2017-2018 дар байни 137 давлати ҷаҳон бо 4,1 хол ҷойи 70-умро ишғол намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520