Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

24.06.2018 12:24, ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузури давлатӣ - 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити ин бинои тозабунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аҳли санъату ҳунари ноҳияро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон моҳи августи соли 2017 дар собиқ заминҳои Ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Кумитаи идораи замини ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд.

Харҷномаи лоиҳавии иншооти мазкур зиёда аз 23 миллион сомониро ташкил дода, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Раёсати сохтмони барқарор»-и шаҳри Хуҷанд ва лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Суғдлоиҳакаш» мебошанд. Ба иттилои масъулин, дар ин Қасри фарҳанг беш аз 40 нафар аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва санъаткорони ҷавон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Баъд аз  шиносоӣ бо шароити корӣ дар толору ҳуҷраҳои Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон роҳбари давлат суханронӣ намуда, аҳли ҳунару санъати ноҳияро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба сокинону фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо  таманно намуданд.

Сипас, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешниҳод карда карда шуд. Санъаткорону ҳаваскорони ноҳия дар баромади худ васфи Тоҷикистону истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ ва дигар арзишҳои миллиро карданд.

Дар интиҳои барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳангиёни ноҳияи Шаҳристон 20 адад асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520