Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдардии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вафоти академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих Масов Раҳим

21.06.2018 19:44, шаҳри Душанбе

Имрӯз, 21-уми июни соли 2018 доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин, ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузоштааст.

Ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст.

Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд”.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520