Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

23.07.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шўро баргузор гардид.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шўро ва лоиҳаҳои ду санади нав - «Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки устувор намудани иқтидори содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» баррасӣ шуд.

Дар оғози ҷаласа роҳбарони се сохтори соҳибкории кишвар ба аъзогии Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қабул шуданд.

Оид ба рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шўро Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов гузориш дода, аз натиҷаи корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба кор шуруъ намудани “Равзанаи ягона” дар бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ, содда шудани расмиёти муфлисэълондории корхонаҳо, беҳшавии сатҳи ҳимояи ҳуқуқии саҳмдорони минораторӣ ва осон шудани гирифтани иҷозатнома барои сохтмон аз натиҷаҳои асосии фаъолияти Шўрои машваратӣ арзёбӣ гардид.

Дар баррасии «Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ» ва «Барномаи мақсадноки устувор намудани иқтидори содиротии соҳаи коркарди мева ва сабзавот барои солҳои 2010-2012» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шўрои машваратӣ, аз ҷумла роҳбарони як қатор сохторҳои соҳибкории кишвар ва намояндагони кишварҳою созмонҳои мададрасони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Аз ҷониби нотиқон, аз ҷумла роҳбарони иттиҳодияҳои соҳибкории кишвар ва намояндагони Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баҳои баланд доданд. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ин раванд таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати мамлакат дастур дод, ки баҳри тасдиқи ду санади мазкур қарорҳои дахлдор қабул намуда, барои татбиқи босамари онҳо чораҳои судбахш андешида шаванд.

 Дар охири ҷаласа рўзномаи кории ҷаласаи ҳафтуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тасдиқ карда шуд, ки мавзўи асосии он “беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон” мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520