Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хенан Ван Гошен

11.06.2018 07:02, Чин

11 июни соли 2018 дар шаҳри Ҷенҷоуи вилояти Хэнан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи ҳизбии вилояти Хенан Ван Гошен мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохурӣ масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар бахши сиёсат, иқтисодиёт, робитаҳои муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, табодули таҷриба баҳри пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат аз сатҳ ва мазмуну муҳтавои ҳамкории шарикӣ бо Чин, ки бар асоси боварию эътимод ба манфиати мардумони Тоҷикистону Чин ба роҳ монда шуда, бахшҳои муҳим, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар бар мегирад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷалби сармоя ва ширкатҳои музофоти Хэнан дар пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзиюю саноатӣ, намунаи ибратбахши рушди ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520