Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асос барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара

01.06.2018 19:28, ноҳияи Данғара

Баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Маблағи умумии сохтмони бино муассисаи мазкур 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.  Масоҳати умумии майдони иншоот 2, 8 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари Сохтмони бинои нави 5 - ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ” Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмони васлкунии рақами 2 -и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Созанда 2012" мебоошад.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таълимии касбӣ афзоиш ёфта, барои донишҷуён тамоми шароити муосири таълим фароҳам оварда мешавад.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ин муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520