Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

14.08.2010 10:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Ниҳоят масрурам, ки ҷаноби Олӣ ва мардуми дўсти Покистонро ба ифтихори ҷашни миллӣ – солгарди истиқлоли кишвари дўст – сидқан табрик ва таҳният намоям.

Боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳоямон тўли солҳои охир, билхоса баъди сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон тобистони соли 2009, ба таври муассир густариш ёфтанд, ки ин, бешак, ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо ва суботу амнияти минтақа аст. Умедворам, ки мо ҳамроҳи Шумо, ҷаноби Олӣ, ба ин раванд нерўи тоза бахшида, соҳаҳои нави ҳамкории худро дар асоси дуҷониба ва чандҷониба бо мазмуни амалӣ ѓанӣ хоҳем гардонд.

Итминон дорам, ки дар ояндаи начандон дур муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманди мо сатҳи сифатан навро касб хоҳанд кард.

Бо арзи табрики муҷаддад, ба ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои навин ва ба мардуми дўсти Покистон хотири ҷамъ, саодат ва хушрўзӣ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520