Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

15.05.2018 15:14, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 майи соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти гуфтушунидҳо, ки чун анъана дар фазои дӯстона, ҳусни эътимод ва созанда сурат гирифтанд, Президентҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро муҳокима намуда, сатҳи баланди муколамаи байнидавлатиро, ки ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва эътиборгирии манфиатҳои ҳамдигар асос меёбанд, тасдиқ намуданд.

Сарони давлатҳо тағйирнопазирии самтнокиро ба рушди муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таъкид намуда,

Бо итминони он, ки ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар мебошад,

Бо рағбати тавсеа ва таъмиқи минбаъдаи муносибатҳо миёни Тоҷикистону Беларус ва таъмини иҷрои саривақтӣ ва пурраи тавофуқҳои бадастомада,

чунин изҳор менамоянд:

Ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати таҳкими муколамаи сиёсӣ иброз намуданд, роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ва ҳамкориҳоро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ муайян карданд.

Президентҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро муҳокима карда, аҳамияти авлавиятноки ҳамкориҳоро дар ин соҳа таъкид намуданд ва рағбати тавсеаи онро бо дарназардошти манфиати Тарафҳо баён намуданд. Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, густариши шаклҳои дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Беларус қайд гардид.

Дар ин қарина Президентҳо аз натиҷаҳои кори ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки 5 марти соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Омодагии ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, электроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, нақлиёту коммуникатсия равона шудааст, изҳор гардид.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳавасмандсозии фаъолияти сармоягузорӣ барои эҷоди истеҳсолоти муштараки босамар, такмили шароит барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Беларус, андешидани тадбирҳои амалӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кооператсияи кишоварзӣ ва логистика ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо рағбати мутақобиларо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо байни минтақаҳо, ҳамчун василаи самараноки таҳкими ҳамкориҳо, барои эҷоди шароити лозима ҷиҳати густариши алоқаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидорӣ баён намуданд.

 Ба Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани муштараки соҳибкорони Тоҷикистон-Беларус-Афғонистон бо иштироки доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон, ки дар ш. Душанбе дар ҳошияи сафари сатҳи олӣ танзим гардиданд, баҳои баланд дода шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус майлу рағбати худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд.

 Қайд гардид, ки ҳамкориҳо дар ҳошияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил абзори зарурӣ барои таъмини муколамаи мустақими байнидавлатӣ ва табодули афкор оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мебошад. Тарафҳо кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии Иттиҳод, чун созмон, дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 истиқбол намуданд.

Тарафҳо зарфиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, мероси ғании маънавии мардумони ҳар ду кишварро қайд намуда, манфиатдории худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, санъат ва фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ таъкид намуданд ва омодагиро ҷиҳати мусоидати фаъол баҳри истиқрори тамосҳо дар он соҳаҳо баён карданд.

Тарафҳо бо қаноатмандӣ тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, тайёрсозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар ин арса, иштироки мутақобила дар чорабиниҳои байналмилалӣ, баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ аз ҷониби  устодони аршад (мастер-класс), инчунин баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар кишварҳои ҳамдигар қайд намуданд. Дар ин робита сарони давлатҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо сафари расмӣ бо хушӣ истиқбол намуданд.

Сарони давлатҳо ба аҳамияти қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 21 декабри соли 2016 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таваҷҷуҳ карданд. Ҷониби Беларус ҳавасмандии худро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир ба ин мавзӯъ иброз дошт.

Сарони давлатҳо рағбати мутақобиларо ҷиҳати мусоидат ба таҳкими сулҳ, амният ва субот дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид намуданд.

Дар ин робита Президентҳо вазъиятро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ намуда, аҳамияти мусоидат ба он кишварро ҷиҳати таъмини субот ва рушди минбаъда қайд карданд.

Ба манзури муборизаи самаранок бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир, Тарафҳо аҳамияти ҳамоҳангии фаъолияти муштараки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амниятӣ, инчунин ҳамкориро дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ қайд намуданд.

Ҷонибҳо азми таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва дигар таҳдиду чолишҳо баҳри таъмини амнияти миллӣ ва устувории суботи минтақавӣ таъкид намуданд. Ҳавасмандӣ ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои мазкур ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Тарафҳо таъйид гардид.

Ҷонибҳо мавҷуд будани заминаи зарурии шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро эътироф намуда, аҳамияти таъмини ҳамоҳангсозии устуворро ҷиҳати татбиқи мукаммал ва саривақтии санадҳои барномавии ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таъкид карданд.

Президентҳо қайд намуданд, ки гуфтушунидҳои пурсамари баргузоршуда, инчунин санадҳои дуҷонибаи зимни сафар имзошуда ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус бар асоси шарикӣ, баробарҳуқуқӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамдигар саҳмгузор  хоҳанд буд.

Сарони давлатҳо оиди ба таври доимӣ идома додани муколамаи фаъоли сиёсӣ оид ба ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозӣ нисбат ба ҳайати Беларус изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Беларус дар замони барояш муносиб даъват ба амал овард. Даъват бо камоли сипосмандӣ пазируфта шуд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон 

 

Президенти

Ҷумҳурии Беларус

Александр Лукашенко

 
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520