Рўзи 20 август Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули корӣ баҳри иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба пойтахти ҷумҳурии Арманистон – шаҳри Ереван сафар кард.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ҷамъ омаданд.
Дар мулоқот асосан масоили амнияти минтақавӣ, пеш аз ҳама авзои қирғизистон, расондани кўмакҳои техникӣ ба сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ва дарёфти механизми пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш баррасӣ шуд.
Зимни муҳокимарониҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Рўйдодҳои кунунии минтақавӣ моро ба он водор мекунанд, ки як механизми вокуниши мувофиқашудаи сиёсии зиддибўҳронӣ ташкил намоем ва ин механизм бояд ба рушди имконоти дипломатия пешгирикунанда мусоидат намояд».
Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки барои таъҷилан вокуниш нишон додан ба ҳолатҳои бўҳронии сиёсӣ ба санадҳои оинномавии СААД тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
Тибқи мувофиқаи бадастомада лоиҳаи чунин тағйиру иловаҳо бояд омода гашта, то моҳи декабри соли равон ба баррасии ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки ҳамон вақт дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд, пешниҳод карда шавад.
Дар мулоқот ҳамчунин авзои кунунии Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ баррасӣ шуд.
Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия ва шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ба поён расид.
Рўзи 21 – уми август Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Арманистон ба Ватан омад.