Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими кушодашавии мактаби миёна дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

24.08.2010 19:00, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Устодону шогирдони азиз!

Имрўз дар арафаи солгарди ҷашни муқаддаси истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва фарорасии соли нави таҳсил мову шумо дар маркази ноҳияи ҳамадонӣ боз як мактаби наву замонавии таҳсилоти умумиро ба истифода супоридем. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ман, пеш аз ҳама, хонандагону омўзгорон ва аҳли маорифи ноҳия, инчунин падару модарон ва сокинони меҳмоннавози ноҳияро ба муносибати ифтитоҳи ин боргоҳи нави таълиму тарбия ва илму маърифат табрику таҳният мегўям.

Дар айни ҳол ба кулли мардуми равшанзамири ноҳия хотиррасон менамоям, ки ин диёр номи яке аз шахсиятҳои бузурги олами илму ирфон, мутафаккир ва олиму орифи нуктадон Мир Сайид Алии Ҳамадониро дорад.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ин марди орифу фозил ҳангоми сафарҳои зиёда аз бистсолаи худ борҳо аз қаламрави Хатлону Балху Бадахшон убур намуда, ба мардуми ин диёр ихлосу эҳтироми хоса доштааст. Беҳуда нест, ки манзили охират ва мақбараи ин абармард аз рўи васияташ дар шаҳри Кўлоб қомат афрохта, имрўз зиёратгоҳи хосу ом ва иродатмандони сершумораш гаштааст.

Вобаста ба ин, мехоҳам таъкид намоям, ки илму ирфон дар ҳама давру замон роҳнамову ҳидоятгари мардум, бахусус ҷавонон ба сўи дунёи маънавӣ, маърифату худшиносӣ, заковату ақли бедор буда, сабақҳои зиндагисози идораи давлат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, кашфи кайҳону асрори замин, пойдевори ихтирои ҳама гуна техникаву технологияи навтарин маҳз дар остонаи мактаб гузошта мешавад.

Имрўз мо шоҳиди онем, ки кишварҳои пешрафтаи олам дар заминаи самаранок омўхтану таълим додан, истифодаи имкониятҳои мактабу маориф ва дастовардҳои илму технологияи навтарин ба тараққиёти бесобиқаи илму техника ва кашфиёти инқилобӣ ноил гаштаанд.

Аз ин хотир рушди илму маориф, тарбияи насли наврас ва ба камол расонидани ҷавонони донишманду соҳибмаълумот аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнокест, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар назди шумо - устодону омўзгорони мўҳтарам ва умуман зиёиёну аҳли маориф гузоштааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти то ҳанўз мавҷуда имсол ба пешрафти соҳаи маориф 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷудо намуд, ки ин нишондиҳанда назар ба даҳ соли пеш 35 баробар афзудааст. Танҳо дар соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 218 мактаб ба анҷом расонида шуд, ки онҳо дорои 40 ҳазор ҷои нишаст мебошанд.

Имсол фақат дар вилояти Хатлон сохтмони 50 мактаби таҳсилоти умумӣ идома дорад, ки аз онҳо то саршавии соли нави хониш бо дарназардошти мактаби шумо 14 мактаб ба истифода супорида мешавад. Дар натиҷаи татбиқи ботадриҷи барномаи компютерикунонӣ муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат қариб бо 28 ҳазор адад компютер ва дигар таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ таъмин карда шуданд.

Имрўз дар ноҳияи Ҳамадонӣ 48 муассисаи таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 1455 нафар муаллимону мураббияҳо кор мекунанд. Дар ин мактабу таълимгоҳҳо қариб 30 ҳазор нафар фарзандони мардуми ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон доир ба компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи ҳамадонӣ нишон дод, ки муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 466 адад компютер ва 73 принтер таъмин карда шудаанд, ки як компютер ба 27 нафар талаба рост меояд. Чунин вазъ моро қонеъ карда наметавонад.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати беҳтар кардани таъминоти мактабҳо бо техникаи компютерӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Бинои мактаби наву замонавие, ки имрўз мову шумо барои ифтитоҳи он гирд омадаем, барои 704 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, ҷиҳати бунёди он 8 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ин мактаб дорои 22 синфхона, аз ҷумла 10 утоқи фаннӣ, 2 синфхонаи махсуси технология, як синфи компютерӣ, толорҳои маҷлис ва варзиш ва дигар утоқҳои корӣ мебошад. Дар мактаб инчунин китобхона, ошхона, дегхонаи алоҳида, захираи об ва зеристгоҳи трансформаторӣ мавҷуд аст.

Ҳукумати мамлакат барои пешрафти мактабу маориф минбаъд низ ҳамаи чораҳоро меандешад. Вале дар баробари ҳукумат дар ин кори хайр, яъне таъмиру тармими мактабҳо, сохтмони мактабу синфхонаҳои нав ва бо таҷҳизоту лавозимоти хониш таъмин кардани онҳо метавонанд ташкилоту корхонаҳо, ширкатҳо, тоҷирону соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша саҳми фаъол дошта бошанд. Зеро дар мактабҳо фарзандони худамон ва давомдиҳандагони ояндаи кори мову шумо таҳсил мекунанд.

Ба кулли омўзгорону устодон, кормандони соҳаи маориф ва падару модарон зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, раҳнамоии дурусти наврасону ҷавонон ба зиндагӣ ва ҳидояти онҳо ба ҷодаи илму маърифат ҳамеша кўшиш намоянд, зеро бе омўхтани дастовардҳои илму техникаи муосир мову шумо ворисони сазовор, яъне насли навраси эҷодкору ҷўянда ва ихтироъкору навоварро ба камол расонида наметавонем.

Ҳозирини мўҳтарам!

Бо истифода аз иштироки роҳбарону мутахассисони ноҳия ва намояндагони мардум, ки ин ҷо ҳузур доранд, мехоҳам андешаҳои худро доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва мушкилоти дар ин самтҳо вуҷуддошта мухтасар иброз намоям.

Худатон медонед, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими пешрафти иқтисодиёт ба шумор меравад. ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳафт моҳи соли 2010 то андозае зиёд шудааст. ҷамъоварии зироатҳои ғалладона 97 фоиз иҷро шуда, ҳосилнокии он аз як гектар 26 сентнерро ташкил додааст.

Вале таъкид бояд кард, ки ҳосилнокии зироатҳои ғалладона, картошка, сабзавот ва полезиҳо аз нишондиҳандаҳои вилоят нисбатан паст мебошад. Илова бар ин, масоҳати заминҳои вазъи мелиоративиашон ғайриқаноатбахш қариб ба 1300 гектар расидааст.

Дар шароити имрўза ҳар кадоматон хуб дарк мекунед, ки маҳз пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Аз ин рў, истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии он, алалхусус аз заминҳои обӣ дар як сол рўёнидани ду- се ҳосил, баланд бардоштани маҳорату таҷрибаи кишоварзӣ ва маданияти заминдорӣ имкон медиҳад, ки вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз маводи ғизоии воридотӣ торафт камтар гардад.

Дар шароити зуд-зуд тағйир ёфтани нархҳои маводи ғизоӣ, бахусус орду гандум зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замин чун манбаи ризқу рўзӣ оқилона истифода бурда шавад.

Ҳукумат бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст, ки яке аз онҳо ҷудо кардани қарз ба соҳибкорон мебошад.

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорони ноҳия ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳоло дар ноҳияи Ҳамадонӣ татбиқи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад, ки маблағи умумии то имрўз азхудшудаи онҳо 120 миллион сомонӣ (зиёда аз 27 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа канали «Деҳқонобод», ки дар натиҷаи обхезии шадид дар дарёи Панҷ ба нестӣ расида буд, дар қисмати дарозияш 10400 метр аз нав барқарор карда шуд. Дар айни ҳол 12 иншооти гидротехникии канал аз нав сохта ва зиёда аз 3000 метри мураббаъ бетонпўш карда шудааст. Гузашта аз ин, дар дарёи Панҷ ба дарозии 4400 метр садди муҳофизатӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Татбиқи лоиҳаи идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон дар се марҳала идома дорад. Дарозии умумии саддҳои дар доираи ин лоиҳа сохташаванда 10 ҳазор метрро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, татбиқи лоиҳаи бо оби нўшокӣ таъмин кардани ноҳия ба маблағи умумии зиёда аз 50 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ дар ноҳия корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ моҳи феврали соли 2007-ум оғоз гардида, то ба имрўз ба маблағи 15 миллион сомонӣ корҳои сохтмону барқарорсозӣ ба пуррагӣ ба итмом расонида шудааст.

Ҳамчунин татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ дар ноҳияи ҳамадонӣ ба маблағи қариб 400 ҳазор сомонӣ идома дошта, ин маблағ барои таъмин намудани беморхонаи маркази ноҳия ва марказҳои саломатии деҳот бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ сарф мешавад.

Бо дарназардошти он, ки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ноҳияи сарҳадӣ мебошад, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки таъмини амнияти сарҳад, пешгирии ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва интиқоли маводи мухаддир, хубтар ба роҳ мондани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани малакаву маҳорат ва маърифати касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сарҳадбонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарине мебошад, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла дар сатҳи ноҳия ва вилоят қарор дошта бошад.

Роҳбарони ҳамаи зинаҳо бояд ба мардум бештар такя ва ҳамкорӣ кунанд, дар байни халқ бошанд, пешниҳоду дархостҳои мардумро омўзанд ва таклифҳои судбахши онҳоро дар фаъолияти худ истифода намоянд.

Дўстони азиз!

Ҳоло, ки мо дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи ҷашни бузурги миллиамон - истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ба ҳар як фарди бонангу номус ва саховатпеша хотиррасон месозам, ки барои дастгирии табақаҳои ниёзманд, пеш аз ҳама, ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон ҳиммату ёрмандии ҷавонмардона ва башардўстонаи худро дареғ надоранд.

Мову шумо бояд ба насли ҷавон ва фарзандону набераҳоямон намунаи ибрат бошем, дар ниҳоди онҳо инсондўстӣ ва фазилатҳои неки инсониро парвариш намоем. Имрўз вақти он расидааст, ки ҳам кормандони мактабу маориф, ҳам падару модарону аҳли ҷомеа ворисони арзанда ва номбардорони ояндаи халқи моро ба камол расонанд, то ки онҳо мисли ҳазрати ҳамадонӣ фозилу хирадманд ва ифтихори наслҳои оянда гарданд.

Бо ҳамин ниятҳои нек мардуми бонангу номус ва заҳматкашу ободгари ноҳияи ҳамадониро бори дигар ба ифтихори ҷашни истиқлолият ва ифтитоҳи мактаби нав муборакбод гуфта, ба устодону омўзгорон дар тарбияи шогирдони бедордилу соҳибмаърифат ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия барору комёбиҳои нав орзумандам.

Ҳамеша тансиҳат ва хонаободу сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520