Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ

24.08.2010 16:00, ноҳияи Восеъ

Аз ноҳияи Фархор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварда, нахуст дар маросими ба истифода додани мактаби нави таҳсилоти умумии рақами 53 иштирок намуд.

Чунонки зимни шиносоӣ маълум шуд, ин муассисаи нави таълимӣ бо харҷи қариб 4,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои таҳсили 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаб бо тарҳи замонавӣ бунёд ёфтааст ва бо шароити беҳтарини таълимиаш бояд ба яке аз мактабҳои намунавии ин минтақа табдил ёбад. Синфхонаҳои фаннии он бо техника ва технологияи муосири таълимӣ, аз ҷумла бо тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Синфхонаи компютерии он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет низ пайваст аст. Мактаб дорои синфхонаҳои технологияҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази дӯзандагӣ мебошад. Китобхонаи он ғанӣ аз китобҳои илмию таълимӣ ва дигар воситаҳои мактабӣ аст.

Дар саҳни ҳавлии мактаби навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Восеъ мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод, ки бо самимияти хосса ҷараён гирифт.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли мактаб ва мардуми ҷамъомадаро бо наздикшавии соли нави таҳсил, рӯзи дониш ва солгарди 19 – уми ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ҳамчунин ба риояи дурусти талаботи қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ оид ба додани хайроту садақот, закот ва фитри рӯза ба эҳтиёҷмандони воқеӣ ва пешгирӣ аз зиёдаравӣ дар гузарондани расму оини динию мардумӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520