Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни табобати Бозор Собир таҳти назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад

07.04.2018 17:18, шаҳри Душанбе

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шоири шинохтаву маҳбуби тоҷик устод Бозор Собир бо сабаби беморӣ дар беморхонаи шаҳри Сиэтли Иёлоти Муттаҳидаи Америка бистарӣ гардидааст.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дода буданд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Инак тайи ду рӯз мешавад, ки Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҳмадамин Маҳмадамин дар паҳлуи бемор қарор доранд ва ба ӯ кумаку ёрии ҳамаҷониба мерасонанд.

Як гуруҳ мутахассисони варзидаи соҳаи тиб ба табобати бемор машғул буда, рафти табобат, ҳолати воқеӣ ва ҷараёни ба Ватан омадани Бозор Собир зери назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520