Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ

02.04.2018 19:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирӯзиатон  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бипазиред.

Ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар маснади сермасъули роҳбари давлат комёбиҳои рӯзафзун баҳри таъмини рифоҳу шукуфоии мардуми дӯсти Миср орзумандам.

Итминон дорам, ки тайи давраи нави фаъолияти давлатии Шумо   кишварҳои ба ҳам дӯсти мо муколамаи созандаро  чи  дар сатҳи дуҷониба ва чи дар арсаи байналмилалӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳояшон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, илму маорифу фарҳанг ва мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, идомаи самарабахш хоҳанд дод.

Бо истифода аз фурсати нек ва таъкиди омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои саъю талошҳои муштарак дар ҷодаи таъмиқу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср муҷаддадан менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520