Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сўҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов

27.08.2010 10:00

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раиси ноҳияи Айнӣ Рустам Раҳматов сўҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро шунида оид ба вазъи баамаломадаи ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ хисороти ҷиддӣ дидааст, супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар ба мардуми осебдида кўмаки зарурӣ ва саривақтиро расонанд.

Таъкид гардид, оид ба бартараф намудани оқибатҳои офат ва расонидани кўмакҳои моддию молиявӣ ба аҳолии зарардида тадбирҳои судбахш андешанда шаванд ва ҳамчунин ба оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгашта барои бунёди хонаҳои нав дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суѓд кўмак намоянд.

Ҳамзамон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520