Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод

27.08.2010 15:00, ноҳияи Тоҷикобод

Аз дараи Камароби ноҳияи Рашт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварда, нахуст бо вазъи корҳои кишоварзони хоҷагии ба номи Анвар Қаландарови ҷамоати деҳоти «Лангари шоҳ» ва фаъолияти занбўрпарварони хоҷагӣ шинос шуд.

Чунонки зикр гардид, ин мавзеъ дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, барои кишти картошка ва парвариши замбўри асал басо мусоид аст.

Ба иттилои масъулон, аҳли хоҷагӣ дар майдони 25 гектар картошкаи тухмӣ кишт намуда, умед доранд, ки аз ҳар гектараш то 350 сентнерӣ ҳосил рўёнанд.

Замбўрпарвари хоҷагӣ Сайвалӣ Юсупов, ки 101 оилаи замбўр дорад, мегўяд, ки дар солҳои мусоид дар ин мавзеъ аз ҳар оила то 30 килограммӣ асал ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Имсол ў бовар дорад, ки то 25 килограммӣ асал ҷамъоварӣ мекунад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин бо фаъолияти картошкапарварон ва замбўрпарварони хоҷагии деҳқонии «Сари най»-и ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» низ аз наздик шинос шуд.

Аз манзараҳои зебо ва табиати сабзу хуррамаш маълум буд, ки ин мавзеъ низ дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. То охири моҳи август сабзу хуррам мондани табиати атрофи ин мавзеъ касро ба ҳайрат меоварад. Кўҳҳои атроф ҳанўз барфпўшанду ғаллазори кишти баҳорӣ сабзу хуррам мисли аввали моҳи май аст.

Бо дидани чунин манзара кас бори дигар бовар ҳосил мекунад, ки воқеан дар Тоҷикистони офтобрўя дар як вақт манзараҳои 4 фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст.

Зимни сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Фароғат Мирзоҷонова, ки ду сол аст пайи ҳам дар озмуни ҷумҳуриявии замбўрпарварон миёни занон ҷойи аввалро сазовор мегардад, маълум шуд, ки ў 8 сол боз бо ин касби сердаромад машғул аст. Айни ҳол ў 70 оилаи замбўр доштааст ва аз он ҳосили дилхоҳ мерўёнад.

Ҳангоми боздид аз заминҳои намунавии картошкаи тухмӣ иттилоъ дода шуд, ки имсол дар 690 гектар заминҳои ноҳияи Тоҷикобод картошка кишт шудааст ва аз он беш аз 20 ҳазор тонна ҳосил рўёнданианд.

Аҳли хоҷагии Сари най бошад, аз 90 гектар замини обии худ дар 60 гектараш картошкаи тухмӣ кишт намудаанд. ҳосили интизориашон аз ҳар гектар 350 сентнерӣ аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳарду мавзеи ноҳияи Тоҷикобод бо намояндагони сершумори мардум мулоқот намуда, бо онҳо сўҳбатҳои озоду самимӣ ва хотирмон анҷом дод.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам баҳри таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ, танзими расму ойини мардумӣ, тарбияи дурусту босифати насли наврас, пешгирӣ аз ҳар гуна зиёдаравӣ дар иҷрои аҳкому аркони динию мазҳабӣ, кўмак ба ятимону бепарасторон, пиронсолону маъюбон, ва оилаҳои камабизоат дар моҳи шарифи рамазон ва арафаи иди саиди фитр зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520