Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷиргатол

27.08.2010 19:00, ноҳияи Лахш

Нимаи дуюми рўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷиргатол ташриф оварда, аз якчанд хоҷагиҳои калони картошкапарвари он дидан кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи дурдасту баландкўҳи Ҷиргатол аз заминҳои хоҷагии давлатии тухмпарварии «Қизилсу» - и ҷамоати деҳоти «Алға»-и минтақаи Лахш дидан кард.

Зимни сўҳбатҳо бо заҳматкашон ва масъулони ноҳия маълум шуд, ки хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 550 гектар замини корам дорад. Дар 243 гектари он картошка кишт шудааст ва аз ҳар гектараш 400 сентнерӣ ҳосил рўёнданианд. Аз ҷумла 200 тонна картошкаи тухмӣ омода карда, ба дигар минтақаҳои мамлакат бояд пешниҳод намоянд.

Дар ноҳия бошад, аз 4545 гектар замини обӣ дар 3300 гектараш картошка кишт карда шудааст ва аз ин миқдор майдонҳои кишт бояд беш аз 60 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бо вусъат додани азхудкунии заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ солҳои наздик ҷамъоварии солонаи картошка дар ноҳияи Ҷиргатол бояд ба 200 ҳазор тонна расонда шавад.

Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии картошкапарвари ҷамоати деҳоти «Янгишаҳр» - и ноҳияи ҷиргатол зикр гардид, ки онҳо дорои 850 гектар замини корам мебошанд ва аз он 650 гектараш обӣ аст. Дар 335 гектар замини обӣ картошка кишт намудаанд ва аз нашъунамои хуби ниҳолҳо бовар доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 350 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.

Дар ин ҷо миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва деҳқонону пирони рўзгордида сўҳбати ошкору самимӣ баргузор гашт, ки зимни он доир ба масоили гуногуни ҳаёти ҷомеа гуфтугў сурат гирифт.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт идома дорад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520