Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани пули роҳи оҳан дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе

19.03.2018 19:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Лоиҳаи навсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «COOL DESIGN» тарҳрезӣ гардида, фармоишгар ва пудратчӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад.

Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шуда, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд.

Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар доираи таъмири пули мазкур гирду атрофи он низ таъмир гардида, ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Соли 2017 дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва хиёбони Саъдии Шерозӣ низ пулҳои роҳи оҳан таъмир гардида, бо талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.

Дар ҷараёни мавриди баҳрабардорӣ қарор додани пули роҳи оҳан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи таъмири пули роҳи оҳани хиёбони Абӯалӣ Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобат гирифтани фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин ба масъулон дастур дода шуд, ки ба корҳои созандагӣ аз ҷумла маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулзоркуниро тақвият бахшида, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои лозимаро бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда амалӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520