Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бунёди корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе

19.03.2018 17:25, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани солҳои 2018-2028 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки пешниҳоди бевосита роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.

Тавре ба Пешвои муаззами миллат итилоъ доданд, Лоиҳаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад.

Иншооти мазкур бо маблағи умумии 15 миллион доллари ИМА бунёд карда хоҳад шуд. Инчунин дар корҳои сохтмонии ин корхонаи истеҳсолӣ, ки наздик ба ду сол идома меёбад, 150 нафар коргарони маҳаллӣ ҷалб гардида, дар ин баробар бо мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» аз ҷониби фармоишгар ҶДММ «Авеста гурӯҳ» ва пудратчӣ ҶДММ «Строй сентр» дар ноҳияи Исмолии Сомонии шаҳри Душанбе бунёд карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии дар Корхона насбшаванда аз Ширкати бонуфузи фаронсавии «Сидел» буда, дар арсаи байналмилалӣ дар байни истеҳсолкунандагони об ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Дарёи Сиёма дар масофаи 50 км дур аз шаҳри Душанбе дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дошта, сарчашмаи об аз қабати пиряхҳо ва барфҳо ба дарёи Сиёма ҷорӣ гардида, яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон дар асоси ташхисҳои бисёркарата ҳисобида мешавад. Зеро тибқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва барои тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки оби Сиёма дар байни дигар обҳои рӯи замин тафовут дошта, дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.

Бо назардошти ин дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Лоиҳаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар буда, тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва санитария икдоми басо саривақтӣ мебошад. Бо гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» Сарвари давлат ба масъулин дастур доданд, ки корхонаи истеҳсолиро саривақт бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор диҳанд. Зеро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, дастрасии аҳолӣ ба оби маъдании «Сиёма», ки хусусияти шифобахшӣ дорад, имконпазир мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520