Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

19.03.2018 13:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлати мо Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи навбатии президентӣ дар Федератсияи Россия сидқан табрик намуда, ба хотири рушду пешрафти Россияи дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиаш дастовардҳои нав ба нав орзу намуд.   

Сарони ду давлат сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии кишварҳояшонро баланд арзёбӣ намуда, нисбати дурнамои густаришу тавсеаи онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ изҳори некбинӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия мебошад, сурат гирифт.

Қаблан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520