Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31.08.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он наздики 50 масъала баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Вазири рушди иқтисод ва савдо доир ба рафти иҷрои Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки барои татбиқи васеи ин барнома 4 барномаи дигари соҳавӣ оид ба коркарди пурраи нахи пахта, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва доир ба рушди саноати сабуки мамлакат таҳия ва қабул гардиданд, ки имрўз босамар татбиқ мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки оид ба фаъол гардондани корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, афзун кардани ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои корӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои муассир андешида, амалӣ намоянд.

Вазири фарҳанги мамлакат оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири фарҳанг оид ба ҳифз ва нигоҳубини ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии мавзеъҳои таърихӣ, омодасозии кадрҳои баландпояи соҳа, чопи китобҳои дарсию дигар маводи таълимӣ ва вусъат додани корҳои эҷодӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Ба ҳукумати мамлакат ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оид ба татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳисобот дод. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Хуҷанд оид ба расондани кўмакҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва пирону барҷомондагон, хусусан дар арафаи иди саиди фитр, пешгирӣ аз тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил ва вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ супоришҳои мушаххас дод.

Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030, Барномаи рушди соҳаи занбўрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ карда шуданд.

Мутобиқи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки марҳилаи сеюми ин кор ба шумор хоҳад рафт, бояд дар зарфи 5 сол 1 компютер ба 15 нафар хонанда рост ояд. ҳоло дар мактабҳои мамлакат 1 компютер ба 22-27 хонанда рост меояд. Танҳо дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 1 компютер ба 12 хонанда рост меояд, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар кишвар аст.

Тибқи Барномаи рушди соҳаи занбўрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2016 бояд шумораи оилаҳои занбўр аз 140 ҳазори имрўза ба 175 ҳазор расонда шавад. Истеҳсоли асал бошад дар соли 2011 ба 2652 тонна ва дар соли 2016 то 3 ҳазор тонна бояд расонда шавад. Тибқи барнома ҳамчунин оид ба воридсозӣ ва парвариши зотҳои хуби занбўри асал ва беҳ намудани заминаи моддию техникии занбўрпарварӣ тадбирҳои судбахш андешида хоҳанд шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин хулосаҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба қонун «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии Асппарвар таъсис дода шуд.

Бо як силсила қарорҳои ҳукумати мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як зумра шаҳру ноҳияҳо қитъаҳои замин ҷудо карда шуд, ки бояд ба аҳолии ниёзманд бо меъёрҳои муайян ва тибқи талаботи қонунгузории кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шаванд. ҳамин тариқ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 89 гектар барои 1008 оила, ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд 2046,72 гектар барои 16022 оила, ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд 314,22 гектар барои 2711 оила, ба ноҳияи Ҳисор 1298,7 гектар барои 19014 оила ва ба ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон 308,48 гектар барои 1835 оила ҷудо карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои тақсимоти одилонаи заминҳо комиссияҳои босалоҳияти ҷамъиятӣ таъсис дода шаванд, то ки онҳо ин равандро зери назорат дода бошанд.
Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки бинобар афзоиши талаботи бозори молӣ ба пулҳои арзишашон баланд аз рўзи 10 – уми сентябри соли равон илова ба пулҳои дар гардишбуда нишонаҳои пулии арзиши 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи ҳозиринро ҳамчунин ба масоили омодагии ҷиддӣ ба давраи тирамоҳу зимистони пешомад, истиқболи сазовор аз солгарди навбатии ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва кўмаку дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ дар арафаи иди саиди фитр ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ба қадри кофӣ гази моеъ, ангишт ва маводи ғизоӣ барои зимистон захира карда шавад. Маслиҳат дода шуд, ки фитри рўза ва дигар хайроту садақот, аз ҷумла бо лампаҳои каммасрафи баркӣ танҳо ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ дода шавад. ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар арафаи иди саиди фитр ва 19-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ дар тамоми бозорҳо ва дигар ҷойҳои сераҳолӣ фурўши маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои арзон ба роҳ монда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520