Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Маҷлиси ботантана бахшида ба 80-солагии Маҳмадулло Холов

22.01.2000 14:00, шаҳри Душанбе

22 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ботантана бахшида ба 80-солагии Маҳмадулло Холов маърӯза кард.

Зимни он аз зиндагӣ ва фаъолияти фарзанди фидоӣ ва накӯноми миллати тоҷик Маҳмадулло Холов ёд намуда, қайд кард, ки барои рушду камоли давлату давлатдории мо мавсуф саҳми арзанда гузоштааст.

М.Холов дар давоми 21 соли дар вазифаи Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон кор карданаш инсофу адолатро пуштибонӣ намуда, сарнавишти садҳо одамонро дар меъёри қонунҳои мавҷуда санҷида, барои тантанаи ҳақиқат, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқии ниёзмандон талош меварзид. М.Холов умри худро сарфи хидмати халқ, рушду нумӯи ҷомеа ва пешрафти мамлакат намуда, аз худ номи нек ба ёдгор мондааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520