Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Маҷлис бахшида ба 5 - солагии таъсиси Гвардияи Президентӣ

17.01.2000 14:00, шаҳри Душанбе

17 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлис бахшида ба 5 - солагии таъсиси Гвардияи Президентӣ суханронӣ намуд.

Президенти кишвар роҳи 5 солаи тайкардаи Гвардияро баҳогузорӣ намуда, қайд кард, ки қисми ҳарбии № 3571 барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун дар ҷумҳурӣ саҳми босазое гузошт ва маҳз дар заминаи он соли 1995 Гвардияи Президентӣ ташкил карда шуд. Кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии солҳои 1995-96 , ки мардуми кишварро ба ташвиш оварда буд, маҳз дар натиҷаи мардонагиву фидокории сарбозони қувваҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи Президентӣ рафъ карда шуд. Барои шуҷоату мардонагӣ 150 нафар сарбозони Гвардия бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520