Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони вилояти Хатлон

17.05.2012 17:00, ноҳияи Данғара

Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти навбатӣ бо шумо – роҳбарону мутахассисон ва фаъолони вилояти Хатлон дар даврае сурат мегирад, ки дар тамоми кишвар, аз ҷумла калонтарин вилояти он – Хатлон корҳои саҳроӣ ва ободониву созандагӣ босуръат идома доранд.

Дар натиҷаи азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат бомаром таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб ба 8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 7 фоиз зиёд мебошад.

Дар чаҳор моҳ нақшаи даромади буҷети вилоят 101 фоиз таъмин шуда, дар натиҷа ба буҷет зиёда аз 120 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Вале дар баробари ин, дар вилоят нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ пурра таъмин нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷети вилоят қариб 7 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.

Аз ҷониби дигар, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ маблағи бақияпулиҳои андоз дар вилоят 140 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин дар муқоиса бо аввали сол беш аз 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта бетаъхир чораҷӯӣ карда, пеш аз ҳама, пардохти маошу нафақа ва иҷрои дигар ӯҳдадориҳои иҷтимоиро сари вақт таъмин намоянд.

Ҳамзамон бо ин, тибқи маълумоти оморӣ то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, қариб 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Дар робита ба ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои мазкур, инчунин пешгирӣ намудани истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ва хароҷоти сарфакоронаи маблағҳои буҷетиву лоиҳаҳои сармоягузориро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти мақомоти он, муҳайё кардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияи пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ ҳамчун ҳадафҳои асосии сиёсати давлат таъкид гардид.

Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамаи вазорату идораҳо вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои маъмуриву сунъӣ чораҳои мушаххас андешида, ташаббусҳои неку созандаи соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Дар ин самти муҳим гарчанде ки тибқи таҳлили маълумоти оморӣ дар соҳаи саноати вилоят дар чор моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 25 фоиз афзун шудааст, аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят истеҳсоли як қатор молҳои саноатӣ коҳиш ёфтааст.

Илова бар ин, аз 237 корхонаи саноатии вилоят дар ин давра 70 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият накардааст, ки ин ба музди меҳнат ва таъминоти иҷтимоии коргарон, инчунин иҷрои нақшаи даромади буҷет таъсири худро расонидааст.

Бинобар ин, бори дигар таъкид месозам, ки бо дарназардошти фаровонии истеҳсоли қувваи барқ ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор, махсусан раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо фаъолияти мураттаби ҳар як корхонаву ташкилотро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати ташкили кор дар ду-се баст ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ мекунад. Бо ин мақсад дар солҳои 2012-2013 дар вилояти Хатлон бунёди 157 корхонаи муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ва муҳайё намудани зиёда аз 9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бинобар ин, ба Вазорати энергетика ва саноат якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар амалӣ намудани ҳадафи гузошташуда, яъне ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ доир ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, маъдан, масолеҳи сохтмонӣ ва бо ҳамин роҳ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ҳамаҷониба чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, дар сурати истифодаи оқилонаи обу замин, нуриҳои маъданиву тухмиҳои баландсифат мо метавонем ҳосилнокии зироатҳоро афзун намуда, бо ҳамин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё кунем ва муҳимтар аз ҳама, эҳтиёҷоти рӯзмарраи аҳолии кишварамонро бо маводи озуқаи худӣ таъмин намоем.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар чор моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар ҳаҷми 435 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 беш аз 8 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон бо ин, дар вилоят нақшаи кишти зироатҳои ғалладонагӣ, инчунин зироатҳои техникӣ пурра таъмин карда нашудааст. То аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар майдони қариб 171 ҳазор гектар кишти баҳории зироатҳо гузаронида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 ҳазор гектар кам мебошад.

Бинобар ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишти баҳорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамзамон бо ин, барои ҳарчи зудтар барқарор намудани майдони кишти зироатҳои аз офати табиӣ зарардида ва омодагии ҳамаҷониба ба кишти такрорӣ сари вақт чораҷӯӣ карда шавад.

Дигар масъалаи муҳими соҳа ин сари вақт ҷамъоварӣ ва захира кардани хӯроки чорво мебошад. Боришоти зиёди зимистону баҳори имсола имконияти ҳосили фаровони алафҳои табииро ба вуҷуд овард, ки мо ҳоло шоҳиди он гардидем.

Аз ин лиҳоз, ҳар як хоҷагии кишоварзии вилоят ва ҳар як оиларо зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва боду ҳавои мусоид ҷиҳати ҷамъоварӣ намудани хӯроки чорво чораҳои амалӣ андешида, захираи дусолаи онро ҳатман таъмин намояд.

Зимистони тӯлонии имсола ва норасоии захираи хӯроки чорво дар баъзе ноҳияҳои вилоят собит намуд, ки бинобар бемасъулиятиву беэътиноии масъулону роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ чорводорон ба мушкилоти сахт рӯбарӯ гардида, дар баъзе минтақаҳо талафи чорво зиёд ба мушоҳида расид.

Хотирнишон месозам, ки азобу машаққати имсолаи чорводорон бояд барои ҳама сабақ гардад.

Дар робита ба ин, бори дигар ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву масъулони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоям, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, босифат ва сари вақт ба анҷом расонидани кишти баҳориву такрорӣ, риояи агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, барзиёд ҷамъоварӣ ва захира намудани хӯроки чорво мушаххас чораандешӣ намоянд.

Хотиррасон месозам, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст, ки дар панҷ соли оянда дар масъалаи бо гӯшт ва маҳсулоти ширии истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолии кишвар тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар давраи миёнамӯҳлат бо истифодаи тамоми имконияту захираҳои мавҷуда мо ба соҳаҳои чорводориву парандапарварӣ таваҷҷӯҳи ҳарчи бештар зоҳир намуда, саршумори навъҳои хушзоту сермаҳсули онҳоро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзун намоем ва ҷиҳати таъмини талаботи аҳолӣ бо гӯшту шири истеҳсоли ватанӣ чораҳои муассир андешем.

Инчунин, бо дарназардошти шароит ва имконияти мусоиди парвариши навъҳои мухталифи моҳӣ дар вилоят ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти парҳезӣ зарур аст, ки дар ин самт чораҷӯӣ карда шавад.

Бо дарназардошти зарурат ва аҳамияти расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегиамон - таъмини амнияти озуқавории кишвар кишоварзони мамлакат вазифадор гардидаанд, ки дар мӯҳлатҳои наздиктарин истеҳсоли картошкаро то ба як миллион тонна расонанд.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он низ супориш дода мешавад, ки барои ноилшавӣ ба ин ҳадафи гузоштаамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд ва ҳамаи имкониятҳоро сафарбар созанд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамоавӣ ва давлатии вилоят мувофиқи нақша соли ҷорӣ бояд 155 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол гардида, ғайр аз таъмини бозори дохилӣ, махсусан шаҳри Душанбе ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

Дар баъзе ноҳияҳои хоҷагидор ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ аллакай оғоз гардида, барои фурӯш ба бозор пешниҳод карда шудааст, ки ин иқдом ҷиҳати танзими нархи бозор таъсири мусбат расонида истодааст.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии деҳқонон ва пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Вазорати кишоварзӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз заминҳои кишоварзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гирифтани ду ҳосили пиёз ва картошка, ташкили фурӯши пиёзи барвақтӣ дар бозорҳои кишвар ва содироти он ба хориҷи мамлакат, инчунин ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дастрас кардани пиёз ва дигар маҳсулоти барвақтӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ майдони гармхонаҳо зиёд карда шавад, зеро парвариш ва истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаҳо яке аз омилҳои муҳими танзими нархи бозор дар фасли зимистон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, масъулини соҳа вазифадор карда мешаванд, ки ба истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва боз ҳам зиёд намудани майдони онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Талу теппаҳои зиёди вилоят имконият медиҳанд, ки боғу токпарварӣ ба яке аз соҳаҳои муҳим мубаддал гашта, боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ гардад.

Тибқи маълумот дар вилоят соли ҷорӣ дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст, вале дар муқоиса бо имкониятҳои вилоят ин ҳанӯз ҳам кам аст.

Бинобар ин, ба мавсими ниҳолшинонии оянда бояд ҳаматарафа омодагӣ дида шавад, то ки иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин гардад. Дар ин самт як масъалаи муҳимро таъкид месозам. Ҳар сол дар қаламрави мамлакат то 5 миллион бех ниҳоли мевадиҳандаву ороишӣ шинонида мешавад, вале бо сабаби хунукназарӣ ва бе нигоҳубин мондан қисми зиёди он хушк ва нобуд мегардад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулони соҳа ба ин масъала, яъне нигоҳубин кардану ба воя расонидани ниҳолҳои шинонидашуда эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими афзун намудани иқтидори содиротии кишвар ва дар ин замина ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки дар корхонаҳои мавҷуда коркарди ниҳоии нахи пахта, пилла, маҳсулоти чорво ва меваю сабзавотро ба роҳ монда, истифодаи ҳарчи пурраи иқтидорҳои истеҳсолиро таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки асоси кори деҳқонӣ ва фаровонҳосилӣ ин таъмини заминҳои корам бо оби полезӣ мебошад. Аммо дар бобати сари вақт барои мавсими обтаъминкунӣ омода кардан ва ташкили кори мураттаби пойгоҳҳои обкашии вилоят камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд.

Аз ин рӯ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор нақшаи таъмиру таҷдиди дастгоҳу иншооти обрасонии вилоятро таҳия карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он чораҷӯӣ намояд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки:

- доир ба ҳалли масъалаи пардохти қарзи хоҷагиҳо аз ҳисоби хизмати обрасонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ созанд;

- бо дарназардошти дар ҳудуди вилоят дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доштани беш аз 18 ҳазор гектар замин ҷиҳати беҳтарсозии ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми солҳои охир дар вилоят беш аз 24 ҳазор гектар заминҳои корам, аз ҷумла 23 ҳазор гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда, ба партов мубаддал гардидаанд.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки истифодаи оқилонаи обу замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва махсусан дар вилояти Хатлон гирифтани ду-се ҳосил аз ҷумлаи самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини аҳолии эҳтиёҷманди вилоят бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зиёда аз 8,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, ҳоло тақсимот идома дорад.

Дар хусуси тақсими одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ борҳо таъкид намудаам ва ба тамоми раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бори дигар супориш дода мешавад, ки дар ин ҷода ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва назорат кунанд, ки дар навбати аввал оилаҳои воқеан эҳтиёҷманд соҳиби замини наздиҳавлигӣ шаванд.

Дӯстони азиз!

Зимистони тӯлонии имсола ва боришоти пайдарпайи баҳорӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мову шумо бояд ба ҳамаи ҳодисаву воқеаҳои табиӣ омодагии доимӣ дошта бошем.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар давоми чор моҳи соли равон дар қаламрави мамлакат 226 ҳолати офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳаҷми зарари онҳо то имрӯз дар ҳаҷми 28 миллион сомонӣ арзёбӣ гардидааст.

Махсусан, бар асари фаромадани сел даҳҳо километр роҳҳои автомобилгард, манзили зисти шаҳрвандон, заминҳои кишту қитъаҳои замини наздиҳавлигии аҳолии мамлакат, шумораи зиёди чорво ва шабакаҳои таъминоти обу пулҳои гуногун осеб дидаанд.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон 21 офати табиӣ ба амал омадааст, ки тибқи ҳисоби пешакӣ маблағи зарари он наздик ба 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар вилоят 421 хонаҳои истиқоматӣ, беш аз 1600 гектар майдони кишту боғу токзор, наздики 650 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 31 адад пулу 90 километр роҳҳо, шабакаҳои таъминоти обу хатҳои интиқоли барқ ва чандин иншооти гуногуни иҷтимоӣ зарар дида, садҳо сар чорво талаф ёфтааст. Мутаассифона 4 талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳолати воқеӣ ва ҷараёни барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ зери назорати доимии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар сокинони вилоят бо озуқа ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал кӯмак расонида шуд.

Дар баробари ин, ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ ва омодабошӣ барои пешгирии ҳодисаҳои табиӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Инчунин бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунанда ба ҳамаи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ситодҳо ташкил намуда, навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд ва ҳамаи техникаҳои заруриро ба рӯйхати комиссариатҳои ҳарбӣ дохил намуда, истифодаи онҳоро дар ҳолати рӯй додани офатҳои табиӣ таъмин намоянд.

Мувофиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 соли 2011 дар вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 17,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 18,6 миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардидаанд.

Соли ҷорӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон равона намудани беш аз 10 миллион сомонӣ барои иҷрои корҳои аввалиндараҷаи соҳилмустаҳкамкунӣ пешбинӣ шуда, аз ин ҳисоб аллакай беш аз 5 миллион сомонӣ барои иҷрои корҳои пешгирии селу обхезӣ, аз ҷумла корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва танзими маҷрои сою дарёҳо равона карда шудааст.

Дар ин ҷода, бо сифати баланд амалӣ намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани каналу селроҳаҳо ва маҷрои дарёҳои хавфнок, кӯчонидани аҳолӣ аз ҷойҳои хатарнок ва сарфи мақсадноки маблағҳои равонашуда хеле муҳим мебошад.

Инчунин роҳ надодан ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот дар соҳилҳои дарёву сойҳо ва ҷойҳои зери хатар қарордошта ва иҷрои саривақтии Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, дар соли ҷорӣ ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таъмиру барқарорсозии зеристгоҳҳо ва трансформаторҳо, хатҳои интиқоли барқ, омодагии иншооти гуногуни иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии захираи маводи озуқа, инчунин хӯроки чорво тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар баробари ин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар масъалаи боз ҳам зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ ва таъмини саривақтии талаботи аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоиву корхонаҳои саноатӣ бо маводи сӯзишворӣ мушаххас чораҷӯӣ намоянд.

Масъалаи дигари мубрами шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон таъмиру барқарорсозии роҳҳои мошингард ва нигоҳдории ҳолати хуби роҳу пулҳои бунёдгардида мебошад.

Бинобар ин, ба ҳамаи роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур аҳамияти махсус диҳанд.

Илова бар ин, махсус ёдовар мешавам, ки соли ҷорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” панҷ сол сипарӣ мегардад. Ҳаёт нишон дод, ки қабули қонуни мазкур саривақтӣ буда, риояи муқаррароти он боиси сол аз сол баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардумамон гардид.

Вале таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳанӯз аз ҷониби сокинони баъзе манотиқи вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани баъзе маросимҳо, аз ҷумла маъракаҳои дафну азодорӣ ба қонуншиканиҳо роҳ дода мешавад.

Дар робита ба ин масъала, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин масъулони бахши танзим вазифадор карда мешаванд, ки барои риояи ҳатмии муқаррароти қонун аз ҷониби ҳамаи табақаҳои ҷомеа назорати доимиро ба роҳ монанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳаёт ва шароити воқеии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки саъю талош ва заҳмати софдилонаи ҳамаи сокинони мамлакат, пеш аз ҳама, масъулони сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва фаъолони шаҳру навоҳии кишвар шарти асосии рушди босуботи кишвар ва таъмини шароити хубу зиндагии арзандаи мардуми диёрамон мебошад.

Бо дарназардошти масъалаҳои иброзгардида ва иҷрои саривақтии нақшаву барномаҳои давлатии қабулшуда ҳамаи моро зарур аст, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҷиҳати дар сатҳи хуби агротехникӣ анҷом додани кишти баҳорӣ, гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, дар заминаи тавсияҳои илман асоснокшуда баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва ноил шудан ба ҳадафи стратегии давлатамон – таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид муҳайё созем.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон барои ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваришкардаашон дучанд заҳмат кашида, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат минбаъд низ саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520