Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ

26.01.2018 13:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро оғоз намуда, нахуст, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух,  Роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Шерализода Шараф ва аъзои нави Шӯрои машваратиро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Сипас, оид ба масъалаи  якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар ин робита оид ба тасдиқи Методологияи нави тарифӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017 ва аз моҳи октябри соли сипаришуда мавриди амал қарор гирифтани он, устуворшавии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2018 дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и  Бонки ҷаҳонӣ, соли 2017 то ба 52%коҳиш ёфтани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор нисбат ба соли 2016, моҳи августи соли 2017 дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муқаррар шудани рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии рейтингии байналмилалии Moody's Investors Service ва Агентии Standard and Poors иттилоъ дода шуд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ба таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои нақлиёт ва логистика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт бахшида шуда, вобаста ба  натиҷаҳои он гузориши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа,  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар бораи фаъолияти Шӯрои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Суғд гузориш дод.

Тибқи банди чоруми рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молияро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм, инчунин муаррифии таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки Рушди Осиё Прадип Шривастава, Роҳбари Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳидеки Танабе, Директори ҶДММ “Корпоратсияи Моҳии Тоҷик” Суҳроб Давлатов, Директори кооперативи “Зиндагӣ” Зеваршои Рустам, Раиси ҶДММ “Таджиквнештранс” Абдумумин Абдусамадов, Раиси ҶСК “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” и Директори ҶСК “Биржаи Осиёи Марказӣ” Алишер Шерназаров ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, мушкилии соҳаи бонкдорӣ, куллан ба роҳ мондани ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар ва масъалаҳои дигари ҷаласа ибрози назар намуданд муҳим арзёбӣ шуд.

Дар хотимаи ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуқтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520