Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

26.01.2018 10:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон омадааст:

«Муҳтарам Игор Николаевич,

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати санаи муҳим дар таърихи муосири муносиботи Тоҷикистон ва Молдова - 25-солагии истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон табрик мегуем.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин давра муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Молдова дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавӣ хислати рушди пайгиронаро доштанд.

Изҳори итминон менамоям, ки бо такя ба таҷрибаи андӯхташудаи мусбат равобити байнидавлатии ду кишвар дар маҷрои манфиатҳои аслии мардумонамон минбаъд низ тавсеаву таҳким хоҳанд ёфт.

Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва сулҳу созгорӣ ва рифоҳ ба мардуми дӯсти Молдова таманно менамоям».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Шуморо сидқан бо 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Молдова ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Тайи солҳои сипаригашта кишварҳои мо ба хотири тавсеаву таъмиқи ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва муколамаи созанда рушд меёбанд, кори зиёдеро анҷом доданд.

Бо истифода аз фурсати фароҳамшуда мехостам изҳори итминони комил намоям, ки муносибатҳои анъанавии дӯстӣ ва шарикии баробарҳуқуқи миёни кишварҳоямон минбаъд низ дар самтҳои мухталиф бомуваффақият рушд хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон дастовардҳои намоёни навин ва ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу ризоият ва шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520