Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе

25.01.2018 15:44, шаҳри Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» - ро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.

Довталабоне, ки дар озмуни мазкур ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода) сабти ном кунанд.

Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад.

Барои беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» маблағи пулӣ муқаррар шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520