Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.09.2010 14:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар маҷлиси ҳукумати нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Сипас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011» баъди муҳокимаи аъзои ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Мутобиқи ин санад маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 дар ҳаҷми 30,2 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, барои соли 2011 ба андозаи 8,3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли равон 1 миллиарду 755 миллион сомонӣ зиёд аст.

Бояд таъкид намуд, ки қариб 50% ё худ 4,1 миллиард сомонии дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2011 пешбинишуда ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона хоҳад шуд, ки ин нисбат ба ин нишондоди соли равон 31,2% ё 857,6 миллион сомонӣ зиёд аст.

Болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ ба андозаи 6,5%, дараҷаи таваррум 9% ва индекси дефлятор 12% пешбинӣ шудааст.

Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби мамлакат оид ба ҳолати воқеии саддҳо ва дигар иншооти муҳофизатии зидди обхезӣ дар мамлакат ва чораҳои иловагии ҳифзи аҳолӣ ва объектҳои хоҷагии халқ аз обхезиҳо ҳисобот дод. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 947 дарё ва 276 сойҳо бо дарозии умумии 30 ҳазор км мавҷуданд, ки дар баробари манбаи обтаъминкунӣ буданашон ҳамчунин сарчашмаи офатҳои табиӣ мебошанд.

Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои беҳтар намудани ҳолати саддҳо ва дигар иншооти муҳофизатӣ аз селу обхезиҳо чораҳои иловагӣ андешанд. Тибқи қарори ҳукумати мамлакат, ки имрўз қабул карда шуд, дар мўҳлати 3 моҳ бояд Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои 2011-2015 бо назардошти ҷалби сармоягузории хориҷӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад. Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдо ҳамчунин вазифадор шуданд, ки ҳамасола барои ҳифзи иншооти зидди селу обхезӣ дар Буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ ба нақша бигиранд.

Дар бораи рушди туризм дар Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ҳукумати мамлакат ҳисобот дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти кумитаи мазкур ва дигар сохторҳои дахлдор баҳри афзалият додан ба туризми дохилӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ривоҷ додани сайёҳии кўҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва беҳсозии заминаи моддию техникии туризм дар мамлакат дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Барномаи давлатии инвеститсионӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар се сол бо ҷалби 15,4 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ 94 лоиҳаи инвеститсионӣ бояд татбиқ карда шавад.

Ҳамчунин Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои омўзгорӣ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ гардид.

қарор карда шуд, ки моҳи октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Рушди имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ дар давраи то соли 2020» гузаронда шавад.

Нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён - маркази ноҳияи Рўдакӣ тасдиқ карда шуд.

Қарор карда шуд, ки минбаъд ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳамасола аз пардохти андоз аз воридоти то 6,5 ҳазор тонна ангишт аз хориҷа озод карда шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки ин тадбир дар доираи иҷрои дархостҳои мардуми ноҳияи Мурғоб, ки дар мулоқоташон бо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта буданд, амалӣ мегардад.

Лоиҳаҳои як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси андоз, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо як қатор қарорҳои ҳукумати мамлакат 3802 гектар замин барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани 30132 оилаи эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои Рўдакӣ, Кўлоб, Восеъ, Данғара, Бохтар, ҷалолиддини Румӣ, қубодиён, Шаҳритус, Ванҷ ва Айнӣ ҷудо карда шуд. Ин тадбири муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рафъи як қатор мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани оилаҳои аз офатҳои табиии имсола зарардида ва дигар хонаводаҳои эҳтиёҷманди ин шаҳру ноҳияҳо равона гаштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тақсимоти ин заминҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аъзои комиссияи ҷамъиятӣ бо риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

Дар охири маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи ҳозиринро бори дигар ба масоили омодагӣ ба зимистон, истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ, оғози кишти тирамоҳии ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ҷалб намуда, дар назди масъулини дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520