Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"

16.11.2017 13:35, шаҳри Бӯстон

Дар рӯзи аввали сафар ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии "Палос"-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро барои таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон муассир арзёбӣ карданд. Зикр рафт, ки коргоҳҳо дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардидаанд.

Тасмими мазкур дар асоси супоришҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳри таъмини сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо амволи шайъӣ дар ҳудуди Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» рӯи даст гирифта шуд.

Тибқи нақша, дар коргоҳҳои мазкур либосҳо барои сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пойафзол барои аскарону афсарон, инчунин либоси мактаббачагон истеҳсол карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 230 ҷойи корӣ, коргоҳи пойафзолдӯзӣ бо 50 ҷойи корӣ, коргоҳи дӯхти камзӯлҳои зимистонаи пашмин бо 20 ҷойи корӣ ва коргоҳи дӯзандагии сарпӯшҳои тобистонаву зимистона ва либоси таҳпӯш бо 57 ҷойи корӣ дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Теъдоди умумии ҷойҳои нави кории ташкилшуда дар КДК «Палос» дар як баст 355 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора дар сурати дар ду басти корӣ роҳандозӣ шудани фаъолият ба бештар аз 700 нафар хоҳад расид.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бобати равнақи фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба қавли масъулон, дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии бештар аз 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст. Хабар дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол мебошад. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар коргоҳҳои номбурда мутаносибан 1000-1500 сомониро ташкил менамояд.

Лозим ба зикри хос аст, ки бо шарофати суботи саросарӣ ва дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ сад дар сад бо маводи хӯрокӣ ва сару либоси низомӣ аз ҳисоби корхонаву коргоҳҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мебошанд. Қаблан молу маводе, ки айни ҳол дар КДК "Палос" истеҳсол мешаванд, пурра аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд.

Сипас дар саҳни Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ташкил карда шуд. Дар он беҳтарин намудҳои молу маҳсулоти дар корхонаҳои зертобеи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ба маърази тамошо гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» 1486,5 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин бештар аз 526 гектараш замини обӣ буда, дар 379 га боғу токзор бунёд ёфтааст. Инчунин дар ҳамин корхона шумораи чорвои калони шохдор ба 330 сар ва моли майда ба 4400 сар мерасад. Аз ҳамин ҳисоб таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин мавзеъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хобгоҳи сарбозони Баталиони махсуси кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд ва бо шароити буду боши ин воҳиди низомӣ аз наздик шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» ва истифодаи мақсадноки заминҳои дар тобеияти корхонаи мазкур буда, роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор сохтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520