Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

16.05.2012 00:30, Россия

Бегоҳии рӯз дар қасри Кремл, мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо иштироки сарони ҳамаи кишварҳои он баргузор гардид.

Зарурати тақвияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи он аз ҷониби сарони ҳамаи давлатҳо таъкид гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ҷоннок намудани фаъолияти он иҷрои босамари Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Минтақаи савдои озод, Барномаи ҳадафманди байнидавлатӣ доир ба ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли 2020, Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои то соли 2020 ва дигар санадҳо амри зарурӣ аст.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520