Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

15.05.2012 18:40, Русия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти хосаи дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз «70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда доранд».

Эмомалӣ Раҳмон низ бо ёдоварӣ аз ҳамкории судбахши низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар изҳор дошт, ки «миёни Тоҷикистону Русия ягон масъалаи ҷиддии ҳалношуда вуҷуд надорад, чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст мо бо назардошти манофеи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл менамоем». Ӯ ҳамчунин изҳор дошт: «Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад».

Владимир Путин дар посух изҳор дошт, ки «маҳз ҳамин хел мешавад».

Сарони ду давлат ба зердастони худ дастур доданд, ки барои муҳокимаи муфассали масоили ҳалталаб дар ояндаи наздик ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишварро баргузор намоянд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ ва дигар захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон минбаъд боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла масоили дароз намудани муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 – уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, дастгирии моддию техникии сохторҳои низомии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадӣ, омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси низомӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг сурат гирифт.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии сиёсии Тоҷикистону Русия дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи андеша сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520