Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

02.11.2017 13:25, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Сафари расмии муҳтарам Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷонибаамон рӯйдоди муҳим мебошад.

Натиҷаҳои он бори дигар азми ҷонибҳои роҳбарияти ду давлатро дар такони нав бахшидани ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон тасдиқ мекунанд.

Дар доираи муколамаи сиёсиамон мо вазъ ва дурнамои маҷмӯи тамоми ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ намудем.

Мо бо муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич дар як ақидаем, ки айни ҳол дар муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон барои рушди минбаъдаи ҳамгироиямон дар сиғаи шарикии стратегӣ майдони устувори сиёсӣ ба миён омадааст.  

Аз рӯи натиҷаҳои музокирот бастаи санадҳои муҳим, ки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон равона шудааст, ба имзо расид.

Дар робита ба ин, мехостам аҳамияти Созишнома оид ба шарикии стратегиро махсус зикр намоям.

Яке аз мавзӯъҳои асосии музокирот масоили густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар буд.

Дар ин росто, мо муҳимияти ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиамонро зикр намудем. 

Тасодуфӣ нест, ки Форуми бузурги тиҷоратӣ унсури муҳими барномаи сафар гардид. 

Мо далели мавҷудияти шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зикр намудем.

Идома додани корҳо оид ба муайян ва дақиқ намудани   сохтори табодули моли дуҷониба ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ, ифтитоҳи хонаҳои савдо дар пойтахтҳои ду давлат ҳамчун самтҳои ояндадор ишора гардиданд.  

Дар ин замина нақши ҷиддии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки аввали соли равон ҷаласаи навбатии худро дар Ашқобод баргузор кард, зикр карда шуд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои рушди савдои дуҷониба ва байналмилалӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Дар робита ба ин аҳамияти пешбурди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ зикр карда шуд.

Ҳамчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни ду кишвар изҳори ақида карда шуд.

Дар музокирот  аҳамияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика таъкид  гардид.

Мо рушди робитаҳоро дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамчун омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар ҷонибдорӣ намудем.

Масоили такмили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва варзиш баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои музокирот санади хеле муҳим – Созишнома оид ба эътирофи муштараки санадҳо дар соҳаи маориф ба имзо расид.

Дар доираи муҳокимаи масоили фарҳангӣ ва гуманитарӣ ман муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликгулиевич ва тамоми дӯстони туркманамонро ба муносибати баргузории муваффақонаи мусобиқаи муҳими варзишӣ – 5-умин Бозиҳои осиёӣ самимона табрик намудам.

Бозиҳои осиёӣ, ки дар сатҳи баланд ташкил шуданд, ҷашни бузурги дӯстии мардумон ва омили наздикшавии минбаъдаи ҷавононамон гардиданд.

Иншооти нодири варзишии барои Бозиҳои осиёӣ бунёдгардида ба шаҳри Ашқобод симои нав бахшида, онро маркази баргузории бузургтарин мусобиқоти варзишӣ мегардонанд.

Мо ҳамчунин доир ба вазъи минтақа табодули афкор намуда, мушкилоти рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии моро нигаронкунандаро  муҳокима кардем.

Ба созиш расида шуд, ки робитаҳои сиёсии байнидавлатӣ оид ба онҳо, аз ҷумла, дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Туркманистон аъзои онҳоянд, идома дода шаванд.

Ҳарду ҷониб ҳамфикранд, ки суботи пурра ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистони ҳамсоя барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад. 

Мо муҳимияти иштироки муштаракро дар лоиҳаҳои байналмилалии иқтисодӣ, ки ба рушди устувори ин кишвар мусоидат мекунанд, зикр намудем.

Зимни баррасии масоили байналмилалӣ мо инчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кардем.

Мо ба қароре омадем, ки талошҳоро дар ин самт минбаъд ҳамоҳанг созем.

Дар маҷмӯъ мехостам зикр намоям, ки мо аз натиҷаҳои музокироти имрӯза комилан қаноатмандем.

Онҳо тасмими ҷонибҳоро дар истифодаи имконияти мавҷуда барои ба сатҳи баланди сифатан нав баровардани муносибатҳоямон тасдиқ мекунанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520