Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар оғози сохтмони бинои нави Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.10.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони маҷмааи бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид.

Бинои нави маъмурии Вазорати корҳои хориҷӣ дар рў ба рўйи Қасри миллат қомат афрохта, як ҷузъи зебое аз маҷмааи биноҳои маъмурии давлати Тоҷикистон дар маркази пойтахти мамлакат хоҳад буд.

Тибқи лоиҳа ин бино аз 7 қабати рўйи замин ва зербино иборат буда, дар он тамоми идораҳои марказӣ ва назди вазорати мазкур ҷойгир карда мешаванд. Дар вақти сохтмон дар ин ҷо барои 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Минбаъд дар ин бино то 300 нафар фаъолият хоҳанд кард.

Муҳлат барои анҷоми пурраи сохтмони ин бинои зебои замонавӣ ду сол муқаррар шудааст.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлўи рости Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, ба сохтмони он низ оғози расмӣ бахшид.

Чунонки зикр гардид, баландии худи Нишони давлатӣ 5 метр ва бо пояаш 45 метр хоҳад буд. Нишони давлатӣ бо Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон, ки дар паҳлўи чапи Қасри миллат бунёд меёбад, бояд то моҳи сентябри соли оянда, яъне то ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза зам намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию шаҳрӣ баҳри ободу зебо ва кабудизор кардани атрофи биноҳо ва ҳамчунин ба мавзеи зебою дилкаши сайру гашти меҳмонону сокинони пойтахт табдил додани маркази шаҳри Душанбе дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520