Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо бародари Амири Давлати Қатар Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ

09.10.2017 17:52, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот Шайх Халифа ибн Ҳамад ибн Халифа Оли Сонӣ таъкид дошт, ки бо дастури бародараш Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон омадааст, то ин ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба марги бармаҳали бародарашон - Нуриддин Раҳмон изҳори таъзия ва тасаллияти роҳбарияти давлат ва мардуми дӯсти Қатарро расонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520