Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

05.10.2017 16:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев суҳбати телефонӣ дошт.

Сарвазири Россия аз номи Ҳукумати кишвараш ва аз номи худаш Сарвари давлати Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро баён кард.

Дмитрий Медведев саҳми шахсии миҳиму назарраси Эмомалӣ Раҳмонро дар густариши муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар асоси дӯстӣ, шарикӣ ва иттифоқчигӣ тазаккур дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия майлу рағбати мутақобилаи худро ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар ҳамаи арсаҳо ва шаклҳо собиту таъйид намуданд.

Ҷонибҳо дар он маврид ҳамақида буданд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байниминтақавию соҳибкории кишварҳо дархури манфиатҳои дарозмуҳлати Тоҷикистону Россия мебошад.

Суҳбати телефонӣ дар фазои самимияту эътимод сурат пазируфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520