Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

26.10.2010 19:00, Афғонистон

Рўзҳои 25 – ум ва 26 – уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дошт. Ин сафар баъд аз 5 сол аз боздиди қаблии Сарвари давлати Тоҷикистон ба ин кишвар, ки моҳи апрели соли 2005 сурат гирифта буд, дар муносиботи дўстона ва ҳамкории судманди ду кишвари дўсту ҳамсоя ва ҳамзабон саҳифаи нав боз намуд.

Дар фурўдгоҳи байналмилалии Кобул Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини аввали президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Қасим Фаҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқбол ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай истиқбол гирифта, ба майдони баргузории маросими истиқбол даъват намуд.

Ба ин муносибат ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии давлати Афғонистон саф оростанд. Дар ҳузури сарони ду давлат сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлўи Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ба сафари расмӣ ва пазироии самимӣ ва ҳамчунин аз сатҳи баланд ва муколамаи мунтазами раҳбарии ду давлати дўст ба Ҳомид Карзай арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Сарони ду давлат аз афзоиши ҳаҷми мубодилаи моли миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки солҳои охир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки ин тамоюли мусбат бояд нигоҳ дошта шавад.

Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии минтақавӣ ва миёни ду кишвари дўсту ҳамсоя зоҳир карда шуд. Густариши робитаҳои савдоию истеҳсолӣ тавассути бозорҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодии наздисарҳадӣ яке аз чунин роҳҳо номида шуд. Таъкид гардид, ки аз имконоти фаровон барои бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ низ бояд васеъ истифода бурда шавад.

Сарони ҳарду давлат ба густариши ҳамкории энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, аз ҷумла барои ҳарчи зудтар тавассути қаламрави Афғонистон пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон бо кишварҳои Эрон, Покистон ва Туркманистон, ҳавасмандии зиёд нишон доданд.

Таҳкими ҳамкории чорҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Русия ҳам аз самтҳои афзали равобити судманд номида шуд.

Ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дастур дода шуд, ки созишномаҳо дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дар бораи канорагирӣ аз пардохти андози дукаратаро таҳия карда, барои ба имзо расондан пешниҳод намоянд. Таъкид гардид, ки Созишномаи транзитии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ва созишномаҳои ҳамкории гумрукӣ низ ҳарчи зудтар бояд ба имзо расонда шаванд.

Ба имзо расондани созишномаҳои байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимии ду кишвар низ аз арсаҳои судманди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ гардид. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки дар 6 моҳи соли 2010 беш аз 100 нафар донишомўзон ва кормандони сохторҳои сарҳадӣ, полиси маводи мухаддир, гумрук, мақомоти дохилӣ ва 300 нафар кормандони тиббии Афғонистон курсҳои омўзиширо дар Тоҷикистон сипарӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон илова бар ин изҳор дошт, ки «Мо омодаем ҳар сол то 100 нафар донишомўзони Афғонистонро дар Коллеҷи тиббии Тоҷикистон бо пардохти имтиёзӣ бипазирем».

Бо ишора ба зарурати таҳкиму густариши ҳамгироии миёни сохторҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва дифоии ду кишвар таъкид гардид, ки ин сохторҳо бояд равобити мунтазам ва ҳамкории натиҷабахш дошта бошанд, ба хусус дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон.

Ба густариши ҳамкории бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ба татбиқи амалии санадҳои дар иҷлосияи 37-и Шўрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ қабулшуда, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ маросими имзои санадҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гашт, ки зимни он дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай 6 санади нав ба имзо расид.

Аз ҷумла:

Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои инкишоф ва идоракунии манбаъҳои об дар дарёи Панҷу Ому;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба тиҷорати транзитӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати энерҷӣ ва оби Афғонистон;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоти хоса ва музокироти расмии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки «ин сафар оғози марҳалаи нави муносибатҳои дўстонаи ду давлат мегардад».

Сарони ду давлат ҳамчунин ба суолҳои сершумори хабарнигорон низ посух гуфтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт, ки «мо бо бародарони афғон мушкил надорем ва дар кўшишҳои ноором кардани вазъи Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон даст надоранд, ҳарчанд оромию субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон вобастагии зич дорад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кобул ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Юнус Қонунӣ мулоқот намуд.

Дар вохўрӣ асосан ҷанбаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ ва равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ва Афғонистон кишварҳои меҳварии Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳамкории созанда ва амалии минтақавӣ дар ҳама арсаҳо ва соҳаҳо барои кишварҳои мо аҳамияти ҳаётӣ дорад. Бо назардошти ин, мо ба тавсеа ва рушди ин ҳамкорӣ таъкиди доимӣ дорем», - таъкид дошт зимни сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши муносибатҳои дўстонаи ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвар омодагии устувор таъкид гардид.

Субҳи рўзи 26 – уми октябр дар шаҳри Кобул бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон расман ифтитоҳ ёфт.

Чунонки аён гашт, бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 1 гектар замин дар яке аз манотиқи беҳтарини маркази шаҳри Кобул ҷойгир шудааст. Бино бо тарҳу намои замонавии худ ба ин мавзеи обрўманди шаҳри Кобул, ки минтақаи «Вазир Акбархон» номида мешавад, ҳусни тоза зам намудааст.

Сафорати Тоҷикистон аз бинои кории дуошёна, бинои истиқоматиии сеошёна бо 12 хонаи сеҳуҷрагӣ, бинои консулгарӣ ва бинои қабули меҳмонони расмӣ иборат аст. ҳамаи ин биноҳо бо тарҳи зебои замонавӣ, шароити хуби кору зиндагӣ ва ҳам фароғат бунёд ёфтаанд.

Сарони ду давлати дўсту ҳамсоя – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз шароити хуби сафорат ва мавзеи ҷойгиршавии он, ки мутобиқ ба сатҳ ва мазмуни муносиботи дўстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя, ҳаммарз, ҳамзабон ва ҳамдил аст, изҳори қаноату хушнудӣ карданд.

Ба гуфти чанде аз коршиносони афғон, Тоҷикистон ягона давлате аст, ки ба Афғонистон ҳеҷ зарар намеорад ва танҳо манфиаташ мерасад, Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, касе аст, ки дар минтақа ва ҷаҳон аз манофеи мардум ва давлати Афғонистон ба таври шоиста пуштибонӣ мекунад».
Хотиррасон бояд намуд, ки ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайр аз сафорат ҳамчунин дар шаҳрҳои Мазори Шариф, қундуз ва Файзобод консулгарӣ дорад ва боз намудани консулгарии дигар дар яке аз шаҳрҳои ҷануби Афғонистон низ дар нақша аст.

Бо иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон сафари расмии пурмаҳсули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520