Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.10.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд, аз ҷумла:

Маҳмудҷон Собиров аз вазифаи муовини Вазири корҳои хориҷӣ озод карда шуда, Муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ таъин карда шуд;

Ҳабибулло Нозирӣ муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид;

Низомиддин Зоҳидов аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озод карда шуда, Муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд;

Ваҳҳоб Набиев Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид;

Исроил Аламов муовини Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Сипас ҳисоботи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми июли соли 2009 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои водии Рашт ба минтақаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» шунида шуд. Таъкид гардид, ки муҳоҷирати дохилии аҳолӣ бо мақсади инкишофи минбаъдаи инфраструктураи деҳот, аз худ намудани заминҳои бекорхобида, омода кардани ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатии мардум ба роҳ монда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рафти иҷрои қарори мазкурро ғайриқаноатбахш баҳо дода, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муҳоҷирати дохилӣ ба вазорату идораҳои дахлдор доир ба навсозӣ ва бунёди роҳҳо, кашидани хатҳои барқу обрасонӣ, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ дар маҳалҳои нави зисти аҳолӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар сурати босамар ба роҳ мондани муҳоҷирати дохилӣ имкон ҳаст, ки дар ин минтақа беш аз 4,5 ҳазор гектар заминҳои нави обӣ аз худ карда шаванд.

Сипас ба ҳукумати мамлакат Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ доир ба амалӣ намудани «қоидаҳои тартиби аз як гурўҳ ба гурўҳи дигар гузарондани заминҳо», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 2007 тасдиқ шудааст, ҳисобот дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки зимни аз як гурўҳ ба гурўҳи дигар гузарондани заминҳо ба кам шудани заминҳои ҳосилхези обӣ роҳ надиҳанд, бар ивази заминҳои ҷудошаванда заминҳои нав аз худ намоянд ва тақсимоти ғайриқонунии заминҳоро пешгирӣ намуда, ба истифодаи пурра, оқилона ва босамари он мусоидат кунанд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти фарогирии аҳолии кишвар бо барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 – уми феврали соли 2010 бояд то 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон пурра таъмин карда шавад, ҳисобот дод. Зикр гардид, ки фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва радиои ҷумҳуриявӣ то мўҳлати муайяншуда пурра таъмин карда мешавад ва то имрўз корҳои зиёд барои расидан ба ин ҳадаф анҷом ёфтаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои босифати қарори мазкур, аз ҷумла баҳри пурра фаро гирифтани тамоми манотиқи дурдасти кўҳистон ва баланд бардоштани сифати омода ва пахш кардани барномаҳои телевизиону радио ва анҷом додани дигар корҳои зарурӣ супоришҳои мушаххас дод.

Як зумра барномаҳои нави давлатӣ тасдиқ карда шуданд, аз ҷумла Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи беҳдошти саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Барномаи муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015, Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои нав маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Дар бораи байторӣ».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падар ва модар дар тарбияи фарзанд», ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия гаштааст, баъди муҳокимаи муфассал барои такмил додан пас гардонда шуд. Таъкид гардид, ки дар қонун бояд меъёрҳои ҳуқуқ, масъулият, ўҳдадорӣ ва ҷавобгарии падару модар, дигар шахсону мақомоти масъул ва ҳамчунин механизми иҷрои талаботи он бояд ба таври мушаххас муайян карда шаванд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои дигар оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба чанд қонуни амалкунанда низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини аҳолии ниёзманд бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва бартараф намудани як қатор мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Балҷувон 78,5 га барои 520 оила, ноҳияи Темурмалик 463 га барои 3124 оила, шаҳри Сарбанд 41 га барои 310 оила, шаҳри Норак 117,36 га барои 942 оила, шаҳри Конибодом 298,5 га барои 2052 оила ва ба ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РАХШ – а ЛТД» 2, 4 га дар шаҳри Ваҳдат барои сохтмони хонаҳои бисёрқабата ва марказҳои хизматрасонӣ ҷудо карда шуд. Аз 463 га замини барои 3124 оилаи ноҳияи Темурмалик ҷудошуда 11 гектараш барои 84 хонаводаи аз офатҳои табиӣ зарардида пешбинӣ шудааст.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи аҳли маҷлисро ба омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани солгарди навбатии Рўзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба мавсими зимистон, истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520