Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи қитъаи роҳи «Шӯрообод-Шоҳон» ва гузоштани санги асос ба бунёди қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб

13.09.2017 10:57, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи «Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин»-и роҳи мошингарди «Кӯлоб-Қалъаи Хумб» оғози расмӣ бахшиданд.

Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.

Дар асоси лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафту омади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Баъди оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи «Шӯрообод-Шоҳон»-и роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумбро дар фазои тантанавӣ мариди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Қувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Абу – Дабӣ ва Фонди ОПЕК бо харҷи қариб 93 миллион доллар куллан навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони Ширкати муштараки Комбайнд групп Контрактинг-Текар Лимитед ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011-ум расман оғоз бахшида, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти коммуникатсионӣ масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.

Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб”, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 10 пули мошингузар бо 1 ҳазору 121 метр бунёд гардидааст, ки бузургтарини онҳо пули Шӯробак бо дарозии 306 метр, Хутхам 297 метр ва Оби Ниёб 265 метр мебошад.

Ҳамзамон дар ин масир 85 қубури обгузар насб гардида, 50 ҳазор метр ҷуйборҳои бетонӣ, 8 ҳазору 834 метр пойдеворҳои муҳофизатӣ бунёд карда шудааст, ки аслан анҷоми ин корҳо дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши басо созгор доранд.

Мутобиқи талабот дар қитъаи Шӯрообод- Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ҳамчунин зиёда аз 1600 адад аломатҳои роҳ насб гардидаанд.

Қисмати роҳи Шӯрообод – Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои то ба имрӯз бунёдгардида - шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Дар асоси лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб”, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон чароғонкунии маркази ноҳия ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои самонавӣ низ бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин барои корҳои таъмирию азнанавсозӣ ва равшаннамоии роҳҳои марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2018 – ҷудо намудани 3 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рафти таҷдиду азнавсозии қитъаи Шӯрообод-Шоҳон 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, ҳамаи онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва Шкев-Қалъаи Хумб саҳми назарраси худро мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520