Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани меҳмонхонаи замонавӣ дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

13.09.2017 07:36, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти муосири хизматрасонӣ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта шуда, барои қабули то 26 нафар меҳмон  дар як шабонарӯз пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, ҳуҷраи нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, ба маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар маҷмуъ масоҳати умумии бино 6 440 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба масъулину кормандон ҳидоятҳои муфид доданд.

Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-Орзу» мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани меҳмонхона ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат буда, дар асоси тарҳи муосир бо назардошти сохти меъмории замонавӣ сохта шудааст.

Ҳамзамон атрофи бинои меҳмонхона ба таври замонавӣ назаррабо гардонида шуда, қомат афрохтани он ба намои зоҳирии маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зебогии дучанд зам кардааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520