Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бунёди пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.11.2010 11:00, шаҳри Душанбе

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт.

Ба рўзи ҷашни Парчами давлатии Тоҷикистон рост омадани маросими тантанавии бунёди поягоҳи Парчам ва майдони бошукўҳи назди он оғози накуе гашт аз тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди навбатии ин санаи фархундаи таърихӣ.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлўи чапи Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон ва майдони бошукўҳи наздаш гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин ҷо ба 165 метр бардошта хоҳад шуд ва ин, тибқи иттилои ҳолдонон, баландии рекордӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр хоҳад буд. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот (Trident Support) бунёд меёбад. Мўҳлати анҷоми кор аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни Наврўзи соли оянда таъин гардид.

Хоттиррасон бояд намуд, ки чанде пеш дар паҳлўи рости қасри миллат бунёди Нишони давлатии Тоҷикистон огоз ёфта буд, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр хоҳад буд. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ бояд дар арафаи ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлўи қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза зам намоянд. Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе қасри миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишин шомил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари азизи мо табдил хоҳад ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо сифати баланд ва тарҳу намои зебою дилангез бунёд кардани рамзҳои пурарзиши давлатдории миллӣ ва ҳамчунин ободу зебо намудани атрофи онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520