Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча

05.09.2017 06:25, Чин

Дар мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча назари неки ҳарду ҷониб ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории байнидавлатӣ таъкид карда шуд ва рушду тавсеаи робитаҳои байни кишварҳо ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Аз сатҳи муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҳарду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид доштанд.

Барои ба сатҳу сифати нав расонидани нишондиҳандаҳои муносибатҳои дуҷониба таъсиси Комиссияи муштараки байнихукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории ҷониби Таиланд дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори нақлиётию транзитии Тоҷикистон, ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва ифтитоҳи сафоратхонаҳои муқими кишварҳо ва хатсайри ҳавоии байниҳамдигарӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ карда, тақвияти амалҳои дастҷамъона ва бештару муассири давлатҳои худро ҷиҳати мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбати самимӣ аз Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд. Даъват бо камоли майли ҷониби Таиланд пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520